Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

20 КИЛОМЕТР РОҲИ ДАРАИ АЛМОСӢ АЗНАВСОЗӢ МЕШАВАД

22 марти соли 2023 раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо иштироки чеҳраи шинохтаи диёр Муродалӣ Алимардонов шаҳрванди Федератсияи Россия Назар Сафаровро, ки зодаи деҳаи Гулдара (собиқ Ҷиндара)-и Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ мебошад бо фарзандаш Кремлёв Умар Назарович (Лутфуллоев) ба ҳузур пазируфт.
Кремлёв Умар Назарович – писари бобои Назар зодаи шаҳри Маскав буда, аз асосгузорони Хазинаи умумиҷаҳонии боксёрон ба ҳисоб меравад ва роҳбарии Хазина ва вазифаи Президенти асотсиатсияи умумиҷаҳонии боксро бар дӯш дорад.
Умар дар суҳбат бо раиси шаҳр иброз дошт, ки бо хоҳиши падар тасмим гирифтааст як гӯшаи Тоҷикистонро, ки зодгоҳи падару бобоёнаш маҳсуб меёбад дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор обод намояд. Афзуд, ки бо мавзеъ шинос аст, бинобар ба раиси шаҳр мақсаду маром ва лоиҳаҳое, ки мехоҳад амалӣ намояд, аз қабили азнавсозии 20 километр роҳи дара аз гардиши шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, бунёди марказҳои бузурги савдою хизматрасониро дар маркази Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ пешниҳод намуд.
Умар Назаров бо пешниҳоди Раиси шаҳр, бунёди Мактаби варзишӣ дар риштаи боксро дар минтақа, низ ба уҳда гирифта, ҳамзамон, раиси шаҳр таклифи ба номи падари Президенти асотсиатсияи умумиҷаҳонии бокс номгузорӣ шудани мактабро бо хушнудӣ истиқбол намуд.
Зикр гардид, ки роҳ бо сифати баланд, мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ бо ҷалби ширкатҳои маъруфи роҳсозии кишвар азнавсозӣ гардида, то охири тобистони соли равон, дар арафаи таҷлили Истиқлолияти Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.