Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ ПУРШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР БО ИШТИРОКИ МЕҲМОНОН АЗ ӮЗБЕКИСТОН

21 марти соли равон сокинони шаҳри Ҳисор дар Қалъаи таърихии Ҳисор Наврӯзи байналмилалиро бо иштироки ноиби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор вобаста ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолият, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва меҳмонон аз ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон пуршукӯҳу хотирмон таҷлил намуданд.
Нахуст, меҳмонон аз растаҳои намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, дастархони наврӯзии кадбонуҳои ҳисорӣ, хӯроку пухтупазҳои миллӣ, бахусус суманакпазӣ ва дигар суннатҳои наврӯзӣ дидан намуда, бо расму анъанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос гардиданд.
Дар чорабинии фарҳангии сокинони шаҳр ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва муовини ҳокими ноҳияи Деҳнав Фарҳодҷон Расулов суханронӣ карда, иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳри Ҳисорро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд.
Ректори ДМТ, Раиси шаҳр ва вакили Маҷлиси намояндагон аснои суханронӣ иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар ҳавзаи кишварҳои Наврӯз аз аввалин мамолике мебошад, ки дар шукӯҳи ҷаҳонӣ пайдо кардани Наврӯз қадамҳои нахустинро гузошта, бо шарофати истиқлолият ва ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷашни байналмилалӣ ба арзишҳои милливу фарҳангии умумибашарӣ ворид гардидааст.
Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат, – “Наврӯз дар масири таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ марҳалаҳои бисёр мушкилу пурпечутобро аз сар гузаронидааст. Аммо аҷдоди шарафманди мо, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёд, Наврӯзро натанҳо ҳамчун мероси муқаддаси гузаштагони худ ҳифз кардаанд, балки онро ба сифати оини башардӯстонаву офаранда ба дигар халқҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ намуданд”.
Солҳои охир дар арафаи истиқболи ҷашнҳои фархунда, бахусус Наврӯз сокинони шаҳр дар баробари иҷрои суннатҳои он дар доираи корҳои ободониву созандагӣ сохтмони иншооти гуногуни иҷтимоӣ аз қабили мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, тандурустию варзишӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳу пулҳо бунёди боғҳоро роҳандозӣ карда, дар ин раванд бо масъулияти баланди ватандорӣ саъю талош менамоянд.
Ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар самти корҳои ободониву созандагӣ сокинону соҳибкорони шаҳри Ҳисор тасмим гирифтанд беш аз 1600 иншоот бунёд намоянд. Давоми соли 2023 аз шумораи мазкур беш аз 600 адад иншоот мавриди истифода қарор гирифта, даҳҳо ҷойҳои кории нав таъсис ёфтааст.
Ёдоварӣ гардид, ки дар Иҷлосияи 27-уми Конфронси Конвенсияи СММ доир ба тағйирёбии иқлим пешниҳоди навбатӣ ва панҷуми инсондӯстона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дастгирӣ ёфта, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардид.
Раиси шаҳр Қосим Роҳбар ва роҳбари ҳайати меҳмонони ӯзбекистонӣ Фарҳодҷон Расулов аз ташаббусҳои роҳбарони ду давлат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, ки аз умқи таърих сарчашма мегирад ёдовар шуда, дар робита ба дӯстиву ҳамгироии ду кишваре, ки дар фарҳанг, расму оин ва дигар равобит сарҳадро намепазиранд суханҳои саршор аз меҳру ихлос баён доштанд. Афзуданд, ки дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек тибқи анъанаҳое, ки аз гузаштаҳо ба мерос мондааст, ҷовидон идома хоҳанд ёфт.
Ҳунармандони филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар барномаи рангини театрикунонидашудаи консертиро пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ карданд.
Дар боғи зимистонаи шаҳри Ҳисор ба муносибати ташрифи меҳмонони ӯзбек ба шаҳри Ҳисор дастархони идонаи наврӯзӣ ороста шуда, ҷонибҳо бори дигар аз дӯстии халқҳои ду кишвар ёдовар шуданд ва ба ифтихори меҳмонон бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, ки як оҳангу як сухан доштанд, барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.