Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР: ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ

Таҳти ҳамин унвон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки Раиси шаҳр Қосим Роҳбар, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссариати ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, наваскарону волидайнашон, донишҷӯёну муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ Рӯзи даъватшаванда пуршукӯҳ таҷлил гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ наваскарону хизматчиёни ҳарбии ҳудуди шаҳр, ҷавонони фаъол – гирандагони стипендияи президенти Тоҷикистон ва Раиси шаҳр аз назди бинои комиссариат то Кохи фарҳанг, тавассути кӯчаҳои Файзулло Абдуллоев ва Тоҷиддин Муҳиддинов зери шиори “Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мост” ва таҳти садои карнаю сурнай роҳпаймоӣ намуданд.
Баъд аз гузориши низомии комиссари шаҳр Ҳафиззода Беҳрӯз ба раиси шаҳр оид ба омодагии наваскарон барои иштирок дар чорабинии Рӯзи даъватшаванда, Қосим Роҳбар суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки ба туфайли ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус дастгириву ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити буду бош ва хизмату сукунати аскарон дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтару хубтар гашта, Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон ба яке аз ниҳодҳои тавоною қудратманд дар минтақа табдил ёфтааст.
Дар идомаи суханронӣ аз фарзандони фарзонаи миллат, Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Президенти мамалакат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур ёдовар шуда, афзуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик гузаштаи пуршараф дорад. Мо бояд аз қаҳрамонию диловариҳои фарзандони баруманди халқамон чун Шерак. Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва дигар абармардони диловар ифтихор намоем, дар кору амал ба онҳо монанд ва баҳри ҳимояи сарзамини аҷдодиамон ҳамеша омода бошем. Изҳори Итминон кард, ки ҷавонони шаҳри Ҳисор аз мактаби бузурги ватандӯстии қаҳрамонони миллат сабақ гирифта, ин анъанаи неки ниёгонамонро идома медиҳанд ва бо масъулияти баланди таърихӣ қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо карда, бо сари баланду рӯи сурх ба назди волидону пайвандони хеш бармегарданд.
Раиси шаҳр ба 115 нафар даъватшавандагоне, ки курси кӯтоҳмуддати ронандагиро дар Ҷамъияти мададгори мудофиа хатм намудаанд шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда, барои хизмати содиқона ба Ватан роҳи сафед таманно намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки бо маблағгузории МИҲД-и шаҳр имсол шумораи хатмкардаҳои курси ронандагӣ нисбат ба соли гузашта 50 нафар зиёд шудааст ва дар рӯзи аввали даъват аз шаҳри Ҳисор 180 нафар ихтиёриён ба хизмати Ватан сафарбар гардиданд.
Дар чорабинӣ Саидмурод Абдуллоев – муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, Азалшо Шарифзода – падари даъватшаванда аз деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, ки ҳамзамон вазифаи сархатибии шаҳрро бар уҳда дорад, Раҷабалӣ Иброҳимов – сарбоз аз қисми ҳарбии 0124-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Шокир Раҳимов – даъватшаванда аз деҳаи Чаманистони Ҷамоати деҳоти Сомон ба сухан баромада бо ёдоварӣ аз роҳи тайкардаи пуршарафи падару бобоён, қаҳрамониҳои фарзандони тоҷик нақши Қувваҳои Мусаллаҳро дар таъмини сулҳу оромӣ ва осудагии кишвар бузург арзёбӣ намуданд.
Дар интиҳо ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр Барномаи консертииро пешкаши наваскарон карданд. Рақсу шодии наваскарон, дӯстону волидонашон чорабинии Рӯзи даъватшавандаро рангину хотирмон намуд.