Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОРИ АВВАЛ КИШТИ ПАХТА БО УСУЛИ ЗАМОНАВӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар 12 марти соли равон, дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод дар маъракаи кишти пахтаи деҳқонони бригадаи №14, (сарвари бригада Латофат Ҳусейнова) ҶДММ ба номи Латиф Муродов иштирок намуд.
Тавре сарвари хоҷагӣ Баҳриддин Солеҳов иброз дошт имсол, бори аввал дар хоҷагӣ ва умуман шаҳри Ҳисор бо мусоидати Вазорати кишоварзии Тоҷикистон кишти пахта бо усули замонавӣ гузаронида мешавад, ки бартариятҳои зиёдро дар пай дорад. Тухмӣ тавассути техникаи ҳозиразамони тухмипошии туркӣ, ки кишти дақиқ номгузорӣ шудааст кишт шуда, дар як вақт амалиёти озуқадиҳии майдони пахтазор низ амалӣ мегардад. Бо мақсади дар оянда тавассути комбайнҳои пахтачинӣ, ҷамъоварӣ намудани ҳосил масофаи байни қаторҳо аз 60 сантиметри маъмулӣ то 75 сантиметр васеъ карда шудаанд. Як тухмипошак имконияти дар як рӯз кишт намудани 8-10 гектарро доро буда, истифодаи самаранок аз ин усули кишт имконият медиҳад, ки муҳлати кишт дар хоҷагиҳо ба дарозо кашида нашуда, дар давраи муайян ба анҷом расонида шавад. Агар бо усули маъмулӣ барои кишти як гектар пахта 100-120 килограм тухмӣ масраф мешуд, ҳоло бо тарзи нави кишти дақиқ дар як гектар ҳамагӣ 25-30 килогарм тухми лучак кифоя мебошад.
Иқдоми мазкур дар пайравӣ ба хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Данғара, ки аз ин усул солҳост бархӯрдоранд, роҳандозӣ шудааст ва дар доираи ҳамкорӣ бо данғарагиҳо ҷамъоварии ҳосил тавассути комбайнҳои пахтачинии ҳозиразамон дар назар дошта шудааст.
Хоҷагиҳои пахтакори шаҳр тасмим гирифтаанд тибқи дурнамо соли ҷорӣ дар майдони 1200 гектар кишти пахта гузаронанд, ки 250 гектари он ба ҶДММ ба номи Латиф Муродов таалуқ дорад. Деҳқонони хоҷагии мазкур дар рӯёнидани пахта таҷрибаи ғанӣ доранд ва аз ҷиҳати майдонҳои пахта, ҳаҷми истеҳсол ва ҳосилнокӣ аз рӯи бисёр нишондиҳандаҳо дар шаҳр пешсаф мебошанд.
Раиси шаҳр аснои суҳбат бо пирони кор ва деҳқонон иброз дошт, ки ҳар лаҳзаи мусоиди обу ҳаворо ғанимат дониста, кишти пахтаро дар муҳлати на дертар аз 10 рӯз ба анҷом расонанд.