Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

КОНФЕРЕНСИЯИ УМУМИҶУМҲУРИЯВӢБА ХОТИРИ ГИРОМИДОШТИ ШАҲИДОНИ САДАМАИ ЧЕРНОБИЛ

29 апрели соли 2023 дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба 37-умин солгарди “Рӯзи байналмилалии ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ” ва 32-солагии таъсисёбии Ташкилоти чернобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи умумиҷумҳуриявии иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил баргузор гардид.
Дар раёсати кори Конференсия раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи маъюбони Чернобил”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯйчӣ Атабаев, раиси Шӯрои ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи маъюбони Чернобил”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Ҳакимов ва дар толор вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии “Иттифоқи маъюбони Чернобил” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, инчунин намояндагони сафорати Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва лаҳзаи сукут ба хотири шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ Конференсия ба кори худ шуруъ намуд.
Раиси шаҳри Ҳисор зимни суханронӣ вакилон ва меҳмононро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфта ба кори Конференсия барор таманно намуд. Ҳамчунин, зикр дошт, ки садамаи Чернобил яке аз фоҷиаҳои мудҳиштарин ва имтиҳони мушкилтарини инсоният дар назди таърихи башарият ба ҳисоб рафта, бо гузашти солҳои зиёд, бар асари паёмадҳои манфии хеш аз хотирҳо зудуда нашуда, дар марҳалае, ки ҷаҳонро хавфи таркишҳои ядроӣ таҳдид мекунад, барои дарки амиқи оқибатҳои он аҳамияти вижаеро касб кардааст. Тибқи омори расмӣ дар лаҳзаҳои аввалини таркиш 31 нафар бо гирифторӣ ба бемории нури радиоактивӣ ба ҳалокат расида, 600 ҳазор нафаре, ки дар бартарафсозии оқибатҳои садама ширкат карданд, бо радиатсияи баланди моддаҳои радиоактивӣ сирояти баланд ёфтанд.
Бар асари садама дар Неругоҳи атомии Чернобил, ки иқтидори он баробар ба таркиши 100 бомбаи атомии дар ҷанги дуюми ҷаҳон истифодагардида мебошад, садҳо нафар иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садама маъюби якумрӣ шудаву қобилияти кориашонро гум карданд, дар хонадонашон шумораи зиёди кӯдакон бо бемориҳои ирсии сироятӣ ба дунё омаданд ва чандин оилаҳо бесаробон мондаю Тибқи маълумоти олимон ва коршиносони соҳаи тандурустӣ зарари радиатсия аз насл ба насл гузашта, то 5 аср аз авлод ба авлод таъсир мерасонад ва аз ин бештар идома ёфтанаш низ аз эҳтимол дур нест.
Тавре нотиқон зикр намуданд, соли 1991 дар ҷумҳурӣ ташкилоти Чернобилчиён таъсис ёфта, бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва дастгирии Асосгузорни сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1998 бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсоние, ки аз таъсири омилҳои номусоиди фалокати НБА Чернобил зарар диданд ва ё дар рафъи оқибатҳои он ширкат варзидаанд, инчунин кӯдаконе, ки тавассути падар ё модарашон ба таъсири ирсии шуоъи радиатсионӣ дучор гардидаанд лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари садамаи НБА Чернобил зарар дидаанд” таҳия ва соли 2007 қабул карда шудааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон аз ҳисоби зарардидагони садамаи Чернобил беш аз 1400 нафар маъюбони гурӯҳҳои 1, 2, 3 ва беш аз 3600 нафар кӯдакон дар қайди диспансерии маркази саломатӣ ҳастанд. Аз ҷумла дар шаҳри Ҳисор шумораи иштирокчиёни садама 50 нафар, аз онҳо 32 нафар маъюби гурӯҳи 2 ва 3 буда фарзандону набераҳои онҳо беш аз 300 нафарро ташкил дода, 80 нафар ҳамчун гирифторони бемориҳои ирсии вобаста ба фалокати НБА Чернобил дар қайди диспансерӣ мебошанд.
Дар партави ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус Сарвари давлат тамоми чернобилчиён ва аҳли оилаи онҳо аз хизмати бепули тиббї бархурдор буда, ба онҳо пайваста кўмакҳои молиявї расонида мешаванд, барои барқарор намудани саломатиашон дар осоишгоҳҳо роҳхат ҷудо мегардад.
«Иттифоқи маъюбони Чернобил» дар шаҳри Ҳисор бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, комиссариати ҳарбӣ ва қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар иртиботу ҳамкории пайваста қарор дошта, иштироки онҳо дар корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, маракаҳои сиёсиву фарҳангӣ, аз қабили даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, аёдати сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ, таҷлили ҷашнҳои Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Рӯзи Ғалаба ва ҳамин монанд ҷашнҳои фархундаи миллӣ назаррас мебошад.
Тибқи таҳлилҳо байни аъзои ҷамъият нафароне ҳастанд, ки 2 то 3 нафар фарзандаш дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳ накарда ба имтиёзҳое, ки давлат муқаррар кардааст, хизмат намудаанд.
Дар идомаи кори Конференсия ба як қатор иштирокчиёни садама ва оилаҳои нафарони шаҳидгашта сипосномаю туҳфаҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим гардид.
Конференсия вобаста ба маърӯза ва масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Қисми дуюм – чорабинии фарҳангии Конференсия дар меҳмонхонаи “Усто Набот” идома ёфта, ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертиро пешниҳоди иштирокчиёни Конференсия намуданд.
Ҳамчунин, бо иштироки муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи маъюбони Чернобил” Тӯйчӣ Атабаев, раиси Шӯрои ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи маъюбони Чернобил” Фаридун Ҳакимов, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Салоҳиддин Абдуллоев ва муовини Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Сайидмурод Абдуллоев дар доираи чорабинии фарҳангӣ ба фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи маъюбони Чернобил” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту шахсиятҳое, ки нисбати маъюбон ғамхорӣ менамоянд, медалҳои ифтихорӣ, сипосноамю ифтихорнома ва туҳфаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Итифоқи маъюбони Чернобил”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳр, КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва Иттифоқи ҷанговарони башардӯст тақдим карда шуд.