Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР МАҲАЛ ВА ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ДЕҲОТИ НАВОБОД БО ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР

ДЕҲОТИ НАВОБОД БО ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, 18 майи соли равон дар Ҷамоати деҳоти Навобод бо иштироки раиси шаҳр Қосим Роҳбар, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои мақомоти давлатӣ таҳти унвони “Рӯзи МИҲД-и шаҳри Ҳисор” илова ба рӯзи қабули маъмулии шаҳрвандон, ки рӯзҳои шанбеи ҳафта баргузор мегардад, рӯзи қабул ва мулоқот бо сокинону фаъолони деҳоти Навобод доир гардид.
Ба раиси шаҳр 5 нафар сокинон барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ, ҳуҷҷатгузории заминҳои солҳои қаблӣ гирифтаашон ва 2 нафар бо мақсади изҳори сипос ба Қосим Роҳбар барои мусоидат намудан ба баррасии саривақтии қарору ҳуҷҷатгузории заминҳояшон муроҷиат намуданд.
Дар қисмати дуюм – мулоқот бо сокинон ва фаъолони ҷамоат, раиси шаҳр вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷамоатро дар асоси таҳлилҳо ва санҷишҳои доиргардида, тариқи монитор ва ҷадвалҳои таҳияшуда мавриди баррасии дақиқ қарор дода, аз ҷумла маблағгузорӣ ба дастгоҳи ҷамоат, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳангу варзишро шарҳу эзоҳ дод. Ҳамчунин зикр гардид, ки аз ибтидои соли 2023 дар соҳаи тандурустӣ 472 ҳазор сомонӣ маблағи инвестсионии хориҷӣ азхуд карда шудааст.
Дар идома, раиси шаҳр оид ба иҷрои нақшаи андоз, бақияи қарз, рушди соҳибкорӣ, вазъи саноат, иҷрои дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, бахусус пахта ва картошка, ниҳолшинонӣ, рушди чорводорӣ, инчунин вазъи сабади истемолии аҳолӣ дар деҳоти Навобод назароти хешро баён дошта, оид ба рафти иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар соли 2022 ва семоҳаи аввали соли 2023 раиси ҷамоат ва роҳбарони зергурӯҳҳои корӣ дар ҷамоатро пурсиш намуд.
Корҳои ободонии деҳот, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, бахусус занону духтарон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, фаъолияти муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангию варзишӣ, дастрасӣ ба обу барқ, таъмири роҳу ободонии кӯчаву маҳаллаҳо, тозагии муҳити зист, ба фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷалб намудани аҳолӣ, мушкилоти гендерӣ аз масъалаҳои дигаре буд, ки раиси шаҳр бо таваҷҷӯҳ ба дастоварду мушкилот дар ин самтҳо, тавсияву пешниҳодҳои судманд баён дошт.
Раиси шаҳр бо ёдоварӣ аз вазъи сиёсии ҷаҳон таъкид намуд, ки тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии ҷавонон аз пайравӣ ба ташкилоту гурӯҳҳои мамнуъ ва тақлид ба либоси фарҳанги бегона дар ҳудуди деҳоти Навобод ниёз ба таҳкими корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бо ҷалби фаъолону зиёиён, куҳансолону собиқадорони муътабар ва ходимони дин дорад.
Дар фарҷом раиси шаҳр ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои МИҲД-и шаҳр бо кормандони дастгоҳи ҷамоат, инчунин ҳалли мушкилоту масъалаҳое, ки мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт муовини якуми раиси шаҳр, муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, кормандони дастгоҳи ҷамоат ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифагузорӣ намуд. Ҳамзамон, кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро барои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ байни ҷавонону наврасон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба таҳкиму густариши ҳамкории байниҳамдигарӣ даъват карда, дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳое, ки ироа гардид ба иштирокчиёни мулоқот барору комёбӣ таманно намуд.