Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРГУЗОРИИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

16 майи соли 2023 дар шаҳри Ҳисор бо ибтикори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли 31 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот озмун ташкил ва баргузор карда шуд.

Ба комиссияи озмун 11 нафар довталабон ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод карданд ва 7 нафар бо ба даст овардани холҳои гузариш ба мансабҳои интихоб кардаашон мувофиқ дониста шуданд.