Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳр марафони дави миллӣ ва велосипедронӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози дави миллӣ раиси шаҳр Қосим Роҳбар суханронӣ карда, иштирокчиёни чорабиниро шодбош гуфт. Зикр гардид, ки чорабинии мазкур бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз аз соли 2007 ҳамасола бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он дар саросари кишвар баргузор карда мешавад.
Раиси шаҳр аз рушди варзиш дар шаҳр ёдовар шуда иброз дошт, ки давоми солҳои охир дар шаҳр майдончаву толорҳои зиёди варзишӣ бунёд ёфта, дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, боз бунёди даҳҳо толору майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои дилхушӣ барои кӯдакону насли наврас ва ҷавонон ба нақша гирифта шудааст.
Тадбирҳое, ки дар самти варзиш андешида мешавад, барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз омилҳои манфии иҷтимоӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб байни ҷавонону наврасон мусоидат хоҳад кард.
Варзиш муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ва қосиди сулҳ, рамзи дӯстию бародарӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ маҳсуб ёфта, кафолати зиндагии зебо, тандурустию саломатӣ ва оромии рӯҳию равонӣ арзёбӣ мегардад, – афзуд раиси шаҳр.
Варзишгарони шаҳр анъанаҳои неки устодони хешро идома дода, дар толорҳои бузурги варзишӣ обутоб меёбанд, ва дар мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, Тоҷикистони маҳбубро муаррифӣ ва шарафи варзишии кишварро ҳифз менамоянд.
Дави миллӣ яке аз мусобиқаҳои варзишии оммавӣ ба шумор рафта, сол аз сол сафи ширкаткунандагон ва нуфузи он меафзояд ва дар чорабинии имрӯза ин нукта бармало ба мушоҳида мерасид. Аз рӯи шартҳои муайянгардида иштирокчиёни чорабинӣ мувофиқи синну сол, имкониятҳои ҷисмонӣ ва ҷинс дар масофаҳои гуногун ширкат карда, ғолибон муайян гардиданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ғолибони мусобиқаи дави миллӣ ва ҳамчунин як қатор фаъолоне, ки дар баргузории чорабинӣ саҳм гузоштанд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бо Ифтихорномаи раиси шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Туҳфаҳоро ба соҳибонашон муовини якуми раиси шаҳри Щисор Каримзода Сироҷиддин ва муовини раиси шаҳр Юлдошзода Бунафша тақдим намуданд.