Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

23 майи соли равон ҷавонони шаҳри Ҳисор ҳамчун нишони ифтихор аз ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро дар Қалъаи таърихии Ҳисор ботантана таҷлил намуданд. Майдони регистони Қалъаи бостонӣ аз чор тараф бо шиору овезаҳои ватандӯстона ва партавафшонии Парчами Тоҷикистон идона оро ёфта буд. Меҳмонон, фаъолону зиёиёни собиқадор, гирандагони стипендияи президентӣ, стипендияи раиси шаҳр, варзишгарон, донишҷӯёни коллеҷу шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳр бо чеҳраҳои хандон ба бар либосҳои рангоранги миллӣ аз қабили чакан ва атласу адрас бо сад ранг мунаққашу зебо гирд омада буданд.
Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ карда, ҷавониро беҳтарин ва ҳассостарин давраи умри инсон унвон намуд. Маҳз дар ҳамин давра инсон метавонад сарнавишти худро муайян намояд ва уфуқи ояндаи хешро равшану дурахшон бисозад. Қолаби вуҷуд доштани як инсони комил дар давраи ҷавонӣ шакл гирифта ва ояндаи ӯ бар ҳамин асос бунёд меёбад,-афзуд раиси шаҳр.
Дастоварди бузургтарини мо дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки ба даст овардани истиқлолият ва соҳиби давлати мустақил шудан орзую ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд,- пайваста таъкид менамоянд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳушдор медиҳанд, ки миллати мо ин неъмати зиндагибахшро бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд ба даст овардааст. Бинобар қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин дастоварди бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.
Раиси шаҳр аз дастовардҳои илмию эҷодӣ ва варзишии ҷавонон давоми солҳои 2022 ва аввали соли 2023 ёдовар шуда зикр намуд, ки бо мақсади ташаккули савияи дониши насли наврас ва ҷавонон сафи гирандагони стипендияҳои Президенти Тоҷикистон ва Раиси шаҳр, иштирокчиёни олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ пайваста афзуда, дар самти варзиш низ дастовардҳо тамоил ба зиёдшавӣ доранд. Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаю чемпионатҳо фаъолона ширкат карда, соли 2022 бо гирифтани 383 медали тилло, 287 нуқра ва 286 биринҷӣ ва дар семоҳаи аввали соли 2023 бо гирифтани 16 медали тилло, 28 нуқра ва 34 биринҷӣ шарафи варзишии шаҳрамонро ҳимоя намуданд. Ва номи пуршарафи варзишгарон Ҳақназар Назаров, Умар Расулов, Абдуҷаъфари Баҳодур Фарида Ғуломова, Хосият Сафарова, Муниса Исматова, Холмаҳмад Пиров, Ҳақдод Гулов, Абдумалик Болтаев, Сафина Содиқова, Сахидоди Бобомурод, Акбар Бобоназаров, Бахтиёр Шукуров, Аминҷон Раҷабов ва ҳамин монанд даҳҳои дигар дар саҳфаи қомуси варзишии шаҳрамон бо хатҳои заррин сабт хоҳанд шуд.
Ҳамчунин ёдовар шуд, ки дастаи футболи “Шодмон”-и шаҳр баъди таввақуфи беш аз даҳсола аз нав таъсис ёфта, барои фаъолияти муназзами он аз ҳисоби буҷет ва бо дастгирии соҳибкорон маблағҳои зарурӣ дарёфт карда шуд. Варзишгоҳи “Ҷавонон” таъмир шуда, барои машқу тамрини бозингарон шароит муҳайё гардид. Ҳамин имтиёзҳо боис гардид, ки даста дар муддати кӯтоҳ ба лигаи якуми футболи мамлакат роҳхат гирифта, айни ҳол барои мустаҳакам намудани мавқеъи хеш ва баромадан ба лигаи олии футболи кишвар талош меварзад. Дар ин масир мо аз бозингарони дастаи “Шодмон” Саидҳомид Ӯзбекзода, Сорбон Ғоибов, Алиҷон Саодатсайров, Комрон Раҳматов, Мизроб Усмонов, Кабир Қосимов, Зафар Баҳруллозода, сармураббии даста Ҳикмат Фузайлов, директори Клуби футболи “Шодмон” Баҳрулло Шарифов ва дигар аъзои даста умедҳои зиёд дорем.
Илму маориф ва фарҳангу варзиш пояи асосии рушд ва амнияти ҳар кишвар маҳсуб ёфта, дараҷаи инкишофи ҳар давлату миллатро, ки бо раванди рушди неруи инсонӣ робитаи мустақим дорад бо нишондиҳандаҳои илму дониш, фарҳангу маънавиёташ муайян менамоянд.
Дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, Тоҷикистон – ватани азизи ман”, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, ширкат намуда ба гирифтани ҷойҳои сазовор ноил гардидани Субҳон Эшов, Сумая Бобоева, Шабнам Болтаева, Мушарраф Шукруллоев, Умед Муҳиддинов, Машрабҷон Инъомов, Мунир Шарифов Ҳамчунин, иштирок ва ғолибияти Машрафҷон Иномов, Салтанат Саидова, Эраҷ Собиров, Муҳаммадрасул Шерназаров, Олимҷон Тухтаров, Рауфҷон Дадабоев, Шаҳром Аминов, Муҳаммад Камолиддинзода, Азамат Толхем, Имрон Абдулҳақов, Хусрав Абдуллоев,Саҷар Рашидов, Аъзам Раҳимов, Бежан Асоев, Дориюш Хайриддинов, Абдурауф Абдурасулов, Эраҷ Собиров, Гулмурод Илҳомӣ, дар озмунҳои байналмилалӣ аз фаннҳои дақиқ дар кишварҳои Аврупою Осиё боиси ифтихору сарфарозии мо маҳсуб меёбанд.
Сипас, Раиси шаҳр ба як қатор ҷавонону наврасони фаъол, ки дар соли 2022 ба дастовардҳои меҳнатӣ ва илмию варзишӣ ноил гардидаанд, сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, инчунин ба гирандагони стипендияи Раиси шаҳр маблағҳои пулӣ тақдим намуд.
Барномаи консертӣ зери унвонӣ «Шоми ҷавонӣ» бо иштироки санъаткорони варзидаи ҷумҳурӣ ва бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор ба чорабинӣ ҳусни хоса бахшид.