Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ВОДИИ ҲИСОР ВАТАНИ АСЛИИ ГӮСФАНДИ ҲИСОРӢ АСТ

ГӮСФАНДИ ЗОТИ ҲИСОРӢ – ҲОЛАТ ВА ДУРНАМО
Таҳти ҳамин унвон 25 майи соли равон дар толори Институти “Зироаткорӣ”-и Акадекмияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти чорводорӣ ва чарогоҳ таҳти раёсати раиси шаҳр Қосим Роҳбар ва ҳузури муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор семинар – машварати минтақавӣ доир гардид.
Дар кори семинар, сардори Раёсати чорводории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмони Икром, директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзӣ, Хуршед Давлатов, мудири озмоишгоҳи биотехнологияи иноватсионии маркази ҷумҳуриявии биотехнология Шарофҷон Раҳимов, директори Маркази ҷумҳуриявии биотехнологии чорво Иброҳим Бобокалонов, мудири шуъбаи селексия ва технологияи гӯспандпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ Сафаралӣ Наботов, намояндагон аз Ташкилоти ҷамъиятии хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон Ҷаҳонгир Деҳқонов, аз вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд.
Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, иброз дошт, ки семинар – машварати мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи чорводорӣ парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони дорои нишондиҳандаҳои баланди маҳсулнокӣ ва сифатҳои зотӣ – гусфанди зоти ҳисорӣ бахшида мешавад.
Айни ҳол саршумори зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар Тоҷикистон 1,7 млн. сарро ташкил дода ба парвариши ин зоти машҳур дар ҷумҳурӣ 7 заводу хоҷагиҳои зотпарварӣ машғуланд. Ин зоти гӯсфандон аз рӯи нишондоди вазни зинда дар арсаи ҷаҳон калонтарин маҳсуб ёфта, минтақаи парваришу афзоишдиҳии зоти ҳисорӣ танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Давоми солҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Украина ва Белорусия интиқол шуда, мавзеи парвариши онҳо торафт васеъ мегардад. Нақши гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар такмилдиҳии маҳсулнокии гӯсфандони зоти думбадор ва ба вуҷуд овардани зотҳои нав дар Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон хеле калон мебошад.
Дар идома нотиқон, мудири озмоишгоҳи биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ муҳтарам Шарофҷон Раҳимов, директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Хуршед Давлатов, мудири шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзӣ, номзади илми кишоварзӣ Сафаралӣ Наботов оид ба таърихи пайдоиш, дастовардҳои илмию истеҳсолӣ, рушди минбаъда, хусусиятҳои маҳсулнокии типи “Шаҳринави”-и гӯсфандони зоти ҳисорӣ, усулҳои такмил додани маҳсулнокии типи “Фархорӣ”-и гӯсфанди зоти ҳисорӣ маърӯза карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои чорводорӣ, нигоҳ доштани зотҳои маҳаллии чорво, аз ҷумла гӯсфанди ҳисорӣ таваҷҷӯҳи хос дошта, олимони соҳаро ҷиҳати такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии ин зоти чорво пайваста таъкид менамоянд.
Тибқи ақидаи олимон гӯсфандони зоти ҳисорӣ, таърихи пайдоиши қадима дошта, ҳанӯз дар асрҳои 12-13 бо усули селексияи анъанавии халқӣ ба вуҷуд оварда шудааст ва аз рӯи маҳсулнокӣ дорои нишондиҳандаҳои баланди вазни зинда ва гӯшту равған мебошанд,
Дар бораи ин зоти чорво сайёҳи машҳур Марко Полло дар сафарномаҳои хеш ёдовар шуда, онро ҳатто аз рӯи ҷусса ба маркаб баробар карда, аз думба ва лаззати гӯшти он қисса намудааст.
Бояд гуфт, ки дар кишвари мо асосан селексияи мардуми шуҳрат дошта шахсоне, ки ба ин кор машғул буданд, дар тули солҳои зиёд зотҳои беҳтарини чорворо ба вуҷуд оварданд. Зоти гусфандони ҳисорӣ, ки калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон эътироф шуда, яъне шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, маҳсули селексияи мардуми мебошад.
Раиси шаҳр аз ворид шудани гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба Феҳристи ташаббуси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ” ва ҷонибдорӣ ёфтани он истиқбол карда, идомаи суханро барои дарёфти маълумоти бештари иштирокчиёни машварат оид ба Мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонидошта ба корманди Ташкилоти ҷамъиятии хазинаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Деҳқонов вогузор намуд.
Дар натиҷаи ба пояи илмӣ гузошта шудани корҳои селексионӣ дар мамлакат дастовардҳо дар соҳа дучанд шуда истодааст, – иброз дошт раиси шаҳр Қосим Роҳбар дар сухани ҷамъбастии хеш. Албата саҳми олимону селексионерони тоҷик низ дар такмили ин зот калон аст ва имрӯз маъруфият пайдо кардани типҳои фархориву шаҳринавӣ, зоти гусфанди маҳинпашми дарвозӣ ва дигар зотҳои гусфанди серравғану серпашм натиҷаи заҳмати сермаҳсули онҳо далели гувоҳи гуфтаҳои болоанд.
Ҳамзамон, аз хизмати чорводорони маъруфи зиндаёди шаҳр Ёқуб Каримов, Ғулом Саидов, Маҳмадалӣ Қувватов, Мирзокарим Мирзораҳимов ва давомдиҳандагони кори онҳо дар имрӯз Шариф Алиев, Хурсандмурод Қурбонов, Исмоил Мирзораҳимов, Тӯйчӣ Фозилов ёдовар шуда саҳми онҳоро дар рушди соҳаи чорводорӣ, бахусус афзудани шумора ва нигоҳдории шуҳрати гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар шаҳр мондагор арзёбӣ намуд.
Раиси шаҳр дар интиҳо ба семинар – машварат ҳусни анҷом бахшида меҳмононро ба шаҳри Ҳисор бори дигар хайрамақдам гуфт ва олимону меҳмонон дар саҳни Институт аз намоиши гӯсфандони зоти ҳисорӣ, ки чорводорони шаҳру навоҳии тобеи марказ баргузор намуданд, боздид намуда, ба гӯсфандпарварон тавсияву маслиҳатҳои судманд доданд. Бо ҳамин кори семинар – машварат поён ёфт.