Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИДОМАИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА СЕЛЕКСИЯ ВА ТАКМИЛИ ГӮСФАНДИ ЗОТИ ҲИСОРӢ

Рӯзҳои 28-29 июли соли 2023 бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор дар Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе ва мавзеи Хоҷа Сангхоки Ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб бо иштироки олимон, мутахассисони соҳаи чорводорӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Фидератсияи Россия, Чин, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Канада, Покистон дар мавзӯи “Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав” Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ доир гардид.
Дар Конфронси шаҳри Душанбе олимон ва мутахассисони соҳаи чорводорӣ оид ба роҳҳои рушд додани парвариши гӯсфандони думдор, бахусус оид ба вазъи имрӯзаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон мубодилаи афкор карда, дар доираи ҳамкорию шарикиҳои байналмилалӣ, таҷрибаи пешқадами илмӣ васеъ намудани минтақаи парвариш, беҳтар намудани сифатҳои ирсӣ, маҳсулнокӣ, ва афзоиш додани шумораи онро тасмими оқилона ба манфиати мардумони кишварҳо арзёбӣ намуданд.
Рӯзи дуюми кори Конфронс дар мавзеи Хоҷа Сангхоки ноҳияи Вазоб идома ёфта, иштирокчиён бо дастовардҳои селексионии олимони тоҷик, инчунин зотҳои ҳисории типи фархориву шаҳринавӣ ва намудҳое, ки бо усулҳои халқӣ такмил ёфта фахри миллати тоҷик маҳсуб меёбанд, шинос гардиданд.
Дар фарҷоми Конфронс як қатор олимон, раисони шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар барои ҳамкорӣ ва иштироки фаъолона дар Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ бо Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, ба чорводорон, аз ҷумла гӯсфандпарварони маъруф аз шаҳри Ҳисор Хурсандмурод Қурбонов, Абдураҳмони Мирзокарим ва Фирӯз Сафаров, ки дар мукаммалгардонӣ ва нигоҳдории ин зоти маъмул саҳми арзишманд доранд Диплом ва туҳфаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Диплому Сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Вазорати кишоварзиро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон дар фазои тантанавӣ ба соҳибонашон тақдим намуданд.