Имрӯз субҳи 17 август, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин, бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф овард ва бо раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар аз беморхонаи марказии шаҳр дидан намуда, ҳамзамон дар маъракаи мумфаршкунии саҳни беморхона, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр роҳандозӣ шудааст, иштирок намуданд.
Абдуллозода Ҷамолиддин ва Қосим Роҳбар пас аз шиносоӣ бо корҳои ободонӣ дар муассиса ба мумфаршкунии саҳни беморхона оғоз бахшида, дар симои сардухтури беморхонаи марказии шаҳр Эмомалӣ Маҷидов табибон, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони муассисаро бо Рӯзи табибон муборакбод гуфтанд ва барои хизмати содиқона, иқдомҳои наҷиб дар самти корҳои ободонӣ ва хуррамгардонии саҳни беморхона ва атрофи он изҳори сипосу эҳтиром намуданд.
Дар идомаи сафар Абдуллозода Ҷамолиддин ва Қосим Роҳбар дар рустои Хонақоҳи Ҷамооати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ бинои беморхонаи наву замонавиро, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Беморхонаи нав, ки дар ҷойи собиқ беморхонаи вайрону валангор азнавсозӣ шудааст, бо ташаббуси аҳолӣ, соҳибкорон ва мусоидату дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, инчунин кӯмаки Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.
Беморхона аз шуъбаҳо барои касалиҳои кӯдакона, дарунӣ ва таваллудхона бо 30 кати хоб иборат буда, барои бо ҷойи кор таъмин гардидани 25 нафар табибону, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони техникӣ шароити хуб муҳайё гардидааст.
Абдуллозода Ҷамолиддин ва Қосим Роҳбар аз ҳуҷраҳо барои беморон ва утоқҳои кории табибону кормандони муассиса дидан намуда, ба сифати сохтмон баҳои баланд доданд.
Сипас, дар саҳни муассиса бо иштироки табибони шаҳр, ки муассисаҳои тандурустии шаҳрро намояндагӣ мекарданд, инчунин ҳузур сокинони деҳа ва деҳаҳои атрофи он бахшида ба Рӯзи табибон ва ифтитоҳи Беморхонаи нав чорабинии тантанавии пуршукӯҳ доир гардида, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва раиси шаҳр суханронӣ намуданд.
Нотиқон зикр намуданд, ки табибони шаҳр баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешбурди соҳа ва беҳдошти сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, дар амал татбиқ кардани «Ҳадафҳои Рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ», Стратегияву Барномаҳои миллии давлатӣ дар самти тандурустӣ, солимии аҳолӣ, ҷорӣ намудани усулҳои наву муосири муоинаву муолиҷаро ба роҳ монда, дар ин муддат ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд.
Ҳамчунин аз таърихи соҳаи тандурустӣ дар шаҳр ёдовар шуда афзуданд, ки тибқи махзанҳо аввалин нуқтаҳои тиббӣ дар шаҳри Ҳисор ибтидои солҳои сиюми асри гузашта, дар атрофи Қалъаи Ҳисор ва рустои Чаманистони деҳоти Сомон кушода шудаанд ва он замон табибону ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби гарнизонҳои ҳарбии аскарони сурх ба аҳолии Ҳисор хизмат мерасониданд.
Соли 1960 дар Ҳисор бинои Беморхонаи марказӣ, Диспансери бемориҳои пӯст ва чандин касалхонаю амбулаторияҳои деҳотӣ таъсис ёфтаанд. Аз ҷумла, соли 1967 дар ин мавзеи хушобуҳаво бо ташаббуси зодагони ин дараи овозадор, аз ҷумла раиси ҳамонвақтаи ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳӣ Ҳаитов Икромиддин, духтури ҷарроҳ, номзади илми тибб зиндаёд Мирзомуҳиддин Мирзоғуломов дар ин макон беморхона сохта ба истифода дода шуд ва аз 7 июли ҳамон сол бо фармони раиси ҳамонвақтаи кумитаи иҷроияи ноҳияи Ҳисор Ҳикмат Рафиев бо 15 кат ва солҳои баъдӣ 40 кат то замони нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ фаъолият кардааст.
Дар ибтидо чун мутахассисони маҳаллӣ кам буданд, духтарон аз миллатҳои русу украинӣ, асетиниву арманӣ, бошқирду тоторҳо ва ӯзбеку қазоқ ба кор ҷалб гардида, солҳои дароз ба мардуми минтақа содиқона хизмат намуданд. Тавре, шоҳидони вақт мегӯянд ин духтарон он солҳо аз маркази ноҳия то деҳаи Қипчоқ (ҳоло Меҳргон) бо мошин ва аз собиқ Қипчоқ то ин мавзеъ, яъне деҳаи Хонақоҳ, ки наздик ба 10 км мебошад, пойи пиёда омада шабона навбатдорӣ мекарданд ва рӯзона ба деҳаҳои атроф, ки ҳама кӯҳистонанд рафта, худашон беморонро ҷуста ёрии тиббӣ мерасониданд ва ба кӯдакон зидди бемориҳои сироятӣ эмгузаронӣ мекарданд.
Сартабиби аввалини Беморхонаи деҳаи Хонақоҳ яке аз таъсисдиҳандаҳои беморхона шодравон Ғуломмуҳиддин Ғуломов буд ва баъдан дар ин муассиса Назаров ном табиб ва аз соли 1969 роҳбарӣ ва масъулияти сартабибии беморхонаи мазкурро Шералӣ Зикриёев бар уҳда гирифтаанд.
Дар ҳар давру замон нафароне ба арсаи ҳаёт меоянд, ки ба рушди ҷомеа, зиндагии ҳамватану ҳамдеҳа, ҳамсоягону хешу табори хеш бетафовут нестанд, ба моликияти ҷамъиятӣ некбинона назар карда, аз фаноёбии он мутаасир мешаванд ва баҳри эҳёи он иқдом менамоянд. Ин суханҳоро метавон ба ҳамдеҳагони Шумо рабт дод, ки ба харобазор табдил ёфтани ин маконе, ки солҳо ба дарди ниёзмандон марҳам шуда, даҳҳо нафарро аз бистари марг наҷот додааст бетафовут набуданд нисбат дод,-иброз дошт раиси шаҳр зимни суханронӣ ва афзуд, ки дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати роҳандозӣ намудани корҳои ободониву созандагӣ дар мамлакат ба муносибати 30-35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аҳолӣ ва соҳибкорони рустои Хонақоҳро бетараф нагузошта, ба барқарор кардани бинои беморхонаи замоне шуҳратёри ин мавзеъ таҳрик дод.
Соҳибкорон ва аҳолӣ азм намуданд дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, МИҲД-и шаҳр метавонанд иншоотро сохта бахшида 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба сокинони шаҳр туҳфа намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои идомаи сохтмон иқдом намуд ва санаи 8 феврали соли 2022 аснои сафари кории раиси шаҳр ба деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ масъалаи аз сар гирифтани бунёди иншооти мазкур матраҳ гардид.
Раиси шаҳр ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъулони Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон”, соҳибкорони ҳимматбаланду ватандӯст, хонақоҳчиёни баору номус, амсоли Абдуқаҳор Холов, Ёқубҷон Неъматуллозода, Боболатиф Бобокалонов, Навдил Юсуфов, Асрор Хайруллоев, Камол Саломов, Сайдалӣ Муҳиддинов, Амонулло Меликов, Салоҳиддин Ғаффоров, Қутбиддин Ҷӯраев, Манучеҳр Зикриёев, Меҳроҷ Ҳаитов, Хуршед Бобоев, Рустам Саидов, Музаффар Ахмедов, Баракатулло Камолов ва даҳҳои дигар арзи сипос намуд.
Дар фарҷом дар фазои тантанавӣ ба ду соҳибкори ватандӯст – Абдуқаҳор Холов ва Ёқубҷон Неъматуллозода нишони ифтихории сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба як қатор табибон барои содиқона иҷро намудани рисолати касбиашон ва соҳибкорону шахсони ҳимматбаланди рустои Хонақоҳ Сипосномаи раиси шаҳри Ҳисор ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим гардид.