Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар партави сиёсати созанда ва бобарори Сарони давлатҳои бо ҳам дӯст – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим Жомарт Токаев роҳандозӣ гардидааст, дар шаҳри Шимкент намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намояндагони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат намуданд.
Макони баргузории чорабинӣ ба таври идона ороста гардида, тантанаи меҳру дӯстии ду миллат – тоҷику қазоқро бозгӯи мекард.
Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз растаҳои намоиши дастранҷи кишоварзону ҳунармандон дидан карда, дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тавре нотиқон зикр доштанд, бо ибтикори сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар сатҳу сифати баланди ташкиливу маънавӣ доир гардида, сокинону меҳмонони шаҳр аз он бо хушнудӣ истиқбол намуданд ва онро намунаи олии муносибати дӯстонаи ду халқи дорои таъриху тамаддун маънидод намуданд.
Дар чорабинӣ сокинони заҳматнописанди шаҳри Ҳисор дар ду мавзеи шаҳри Шимкент се гӯшаи алоҳида ташкил карда молу маҳсулоти хешро пешкаши ширкаткунандагону харидорон намуданд.
Тавре сокинони шаҳри Шимкент зикр доштанд, тадбири мазкур ба ҳамкориҳои судманди халқҳои тоҷику қазоқ мусоидат карда, боиси таҳкими дӯстӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳамкориҳои густурда байни ду миллат хоҳад шуд.
Ҳамчунин, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Шимкент кадбонувони ҳисорӣ суфраи дӯстӣ ороста, дӯстони қазоқашонро атрофи дастархон ҷамъ оварданд ва бо таомҳои лазизи миллӣ пазироӣ намуданд.
Тибқи Барнома фардо, 26 август дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон чорабиниҳо идома ёфта, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.
Сокинони шаҳри Шимкентро мева, хушкмева ва сабзавоту полезиҳои Тоҷикистон писанд омада, ба ташкилкунандагони он изҳори сипос баён доштанд.
Дар қисмати чорабинии тантанавию фарҳангӣ ҳунармандону санъаткорони тоҷик бо пешниҳоди барномаи рангини консертӣ табъи сокинону меҳмонони шаҳри Шимкентро болида сохтанд…