Бар асари боронҳои пай дар пайи санаи 27 авгуcти соли 2023 ба хонаҳои истиқоматӣ, иншоотҳои ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии деҳаҳои шаҳри Ҳисор хисороти иқтисодӣ расид. Раиси шаҳр муҳтарам Қосим Роҳбар аз минтақаҳои зарардида боздид намуда. бо мардуми маҳаллӣ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, вохӯрӣ намуда, ба масъулини соҳа ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани зарарҳои расида ба макону манзили одамон дастуру супоришҳои мушаххас дод.