Шоми имрӯз, 14 сентябр аҳли ҳунари шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, барои сокинону меҳмонони пойтахти кишвар барномаи муштараки фарҳангиро иборат аз шеъру тарона дар васфи Истиқлолу озодӣ, Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, Ватан ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ, зебогиҳои диёри биҳиштосо-Тоҷикистони азиз пешниҳод намуда, базму тараби идона оростанд.
Садои таблу шодӣ дар фазои пойтахти кишвар танинандоз гардида, шодиву хушҳолии иштирокдорони чорабинӣ то поси шаб бо шукӯҳу шаҳомати хоси идона идома ёфт.










