Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИҶЛОСИЯИ НУЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

10 октябри соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иҷлосияи навбатии нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони халқ, кормандони масъули шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, раисону кормандони масъули дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳукуқ, васоити ахбори омма ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ, вакилон котиботи Иҷлосияро интихоб намуда, рӯзномаи иҷлосияро иборат аз 14 банд тасдиқ намуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома – дар бораи Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати шашум мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр Фурқат Шукурӣ гузориш дод.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар таҳрири нав қабул гардидани Дастури МВХ-и шаҳр Ҳисор тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои ягонаи ҳуқуқии фаъолияти маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ ва амалӣ карда мешавад. Дар асоси мактуби Дастгоҳи Маҷлиси миллии, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2023, №42-10/18, бо дастури раиси шаҳр Қосим Роҳбар бо мақсади таҳияи Дастури нави МВХ-и шаҳр гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, бо риояи талаботҳои қонунгузорӣ лоиҳаи мазкур таҳия ва пешниҳоди вакилон гардид.
Сипас, лоиҳаи қарорҳо дар бораи дабдил додани якчанд муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар муассисаҳои рақамҳои 67, 82, 87, 96, 136 ва филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 ва муассисаи таҳсилоти ибтидоии рақами 112 ба муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ қироат гардида, аз ҷониби вакилон якдилона дастгирӣ ёфт.
Дар баррасии масъалаи навбатӣ вакилон гузориши Сардори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор Дилмуҳаммад Юсуфовро оид ба “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2023-2027” шаниданд ва вобаста ба он қарори дахлдор қабул намуданд.
Вобаста ба масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – дар бораи номивазкунии обектҳои ҷуғрофии ҳудуди шаҳри Ҳисор гузориши муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода шунида, вобаста ба иваз намудани номи деҳаи Турдиқишлоқи Ҷамоати деҳоти Дурбат ба номи нави Зармайдон қарори дахлдор қабул гардид. Дар робита ба масъалаи мазкур раиси шаҳр эроди ҷиддӣ гирифта зикр дошт, ки номи баъзе аз деҳаҳо бо қарорҳои МВХ-и шаҳр чандин сол қабл иваз шуда бошад ҳам, то ҳанӯз бо сабаби фориғболии комиисияи номгузории назди МИҲД-и шаҳр тасдиқи ниҳоии хешро наёфтааст.
Бо мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва ташаббуси аҳолӣ ва соҳибкорон дар деҳаи Хонақоҳи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон Беморхонаи собиқ азнавсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Бинобар, барои дар тавозуни Беморхонаи марказии шаҳр қарор додани муассисаи мазкур, лоиҳаи қарори МВХ-и шаҳр қироат гардида, аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёфт.
Дар идома вобаста ба тағйиротҳои кадрӣ дар МИҲД-и шаҳри Ҳисор, ва дигар қарорҳои қабулнамудаи раиси шаҳр, МВХ қарорҳои дахлдор қабул намуд.