11 октябри соли равон раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар паҳлавони тоҷик Ҳақназар Назаровро, ки ба қарибӣ аз Бозиҳои Осиёии “Ханжоу-2022” дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ғалаба ва медали биринҷии мусобиқа баргаштааст, ба ҳузур пазируфт.
Ҳақназарро раиси шаҳр аснои суҳбат ба ифтихори ғолиб гаштан ва соҳиби медали биринҷии Бозиҳои Осиё шуданаш, инчунин дар мусобиқаи байналмилалӣ барафрохтани парчами Тоҷикистон муборакбод гуфта, аз машқу тамрин ва омодагиаш ба мусобиқаҳои навбатӣ пурсон шуд.
Қосим Роҳбар дар фарҷоми суҳбат бо Ҳақназар расми хотиравӣ гирифта, китоби доктори илми таърих Назирҷон Турсуновро бо номи “Ҳафтхони Темурмалик” бо соядаст туҳфа намуд. Китоби мазкур бо пешниҳод ва дастгирии молиявии Қосим Роҳбар, ҳангоми дар вазифаи раиси вилояти Суғд фаъолият кардан рӯи чоп омада, дар он дар бораи 7 қаҳрамонии Темурмалик дар набардҳо бо ғосибони Чингизхон нақл карда мешавад.
Паҳлавони тоҷик, ҳамчунин, пайғом расонид, ки ба наздикӣ тӯйи домодӣ дорад ва аҳли хонадон аз иштироки раиси шаҳр дар туй хушҳол хоҳанд шуд. Раиси шаҳр аз даъват истиқбол намуда, изҳори итминон намуд, ки Ҳақназар дар зиндагии оилавӣ низ муваффақ ва соҳиби духтару писарони ватандӯсту амсоли худ паҳлавон хоҳад гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ ба варзишгарон пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад ва бахшида ба Рӯзи ҷавонон Қосим Роҳбар ба Ҳақназар Назаров, шахсан замини наздиҳавлигӣ ва бахшида ба ҷашни Истиқлол, дар ҳузури муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода Ифтихорномаи Раиси шаҳрро тақдим карда, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ таманно намуданд.




