Ҳанӯз, 23 марти соли равон, дар рӯзҳое, ки Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардид Президенти асотсиатсияи умумиҷаҳонии бокс, яке аз асосгузорони Фонди умумиҷаҳонии боксёрони ҷаҳон Умар Кремлёвро раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ба ҳузур пазируфт ва мавсуф мужда расонид, ки тасмим гирифтааст роҳи дараи Алмосиро дар масофаи 12 километр таъмиру азнавсозӣ намояд. Хамон рӯз падари Кремлёв – Назар Сафаров, ки зодаи деҳаи Гулдараи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ мебошад якҷо бо раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз минтақаи роҳи мазкур дидан карда, ба қарори қатъи омаданд, ки то деҳаи Тӯтакаи Ҷамоати деҳоти Алмосӣ роҳ таъмиру таҷдид шуда, то интиҳои соли 2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
27 октябр дар деҳаи Ғайратободи Ҷамоати деҳоти Сомон бо иштироки сармоягузор Умар Кремлёв ва фаъолони шаҳр, намояндагони деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Алмосӣ, Хонақоҳи Кӯҳӣ ва Сомон маросими баистифодадиҳии роҳи мазкур доир гардид.
Муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дурбинонаву созандаи дарҳои бозро пеш гирифтааст ва ин иқдоми шоистаи Пешвои миллат натиҷаҳои хуб ба бор оварда, ҳазорҳо километр роҳу нақбҳо бунёд гардиданд, кишвари моро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо карда, ба чор қутби олам бипайвастанд ва амали Умар Кремлёв идомаи мантиқии ин иқдомҳои созандаи Роҳбари давлати мо маҳсуб меёбад.
Федератсияи Россия, ки меҳмони азизи мо Умар Кремлёв шаҳрвандии ин диёри нопайдоканорро доранд, яке аз шарикони боэътимоди стратегии давлату миллати мо маҳсуб меёбад ва риштаҳои дӯстию пайвандии халқҳои ин ду миллати ҳампаймон – русу тоҷик ва беш аз 190 халқиятҳои дигаре, ки аз марзҳои Аврупо сар карда то Шарқи Дур сукунат доранд, новобаста аз тағйирёбии равандҳои сиёсиву сохти давлатдорӣ бо ҳисси эҳтирому тафоҳум рушду таҳким меёбанд.
Боиси ифтихору фараҳмандии мо тоҷикон аст, ки имрӯз як ҳамдиёри мо дар кишвари муқтадире амсоли Россия ба камол расидаву кору зиндагӣ карда, шӯҳрату мартабаи ҷаҳонӣ ёфтааст ва аз зодгоҳи худ ифтихор дораду ободонии онро қарзи виҷдонии хеш мешуморад. Ин писари ҷасури ватан нисбати зодгоҳи хеш – Тоҷикистон тасмиҳои зиёд дорад. Мехоҳад коргоҳу корхонаҳои саноативу тиҷоратӣ, мактаби варзишӣ дар риштаҳои мухталиф, бахусус бокс бунёд намояд ва итминон дорам дур нест он рӯзе, ки ниятҳои неки ҳамшаҳрии мо Умар Кремлёв амалӣ гашта, даҳҳо ҳамватанашро соҳиби нон ва кору шуғли доимӣ намояд.
Дар фарҷом меҳмони гиромиқадр Умар Кремлёвро ба шаҳри Ҳисор хуш омадед гуфта, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои адои рисолати ватандӯстона – мусоидат намуданаш ба таъмиру азнавсозии роҳи дараи хушманзари Алмосӣ муборакбод ва изҳори сипос намуд.
Зимни суханронӣ меҳмони чорабинӣ Умар Кремлёв аз давраи наврасӣ, ки дар оғози нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳамин дара сипарӣ намудааст ёдовар шуда, таъкид намуд, ки хизмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу амният дар мамлакат қиёснашаванда буда, аз ҳар кадоми мо муттаҳидию ҳамгироии ҳамешагиро тақозо менамояд. Ҳамчунин, аз дастовардҳои нодири Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърих истиқбол намуда, даъват ба амал овард, ки ба қадри сулҳу субот бирасем ва дар атрофи Роҳбари давлати худ зич муттаҳид шуда, ватани хешро обод созем.
Собиқадори меҳнат Асадулло Абдуллоев изҳор дошт, роҳе, ки мову шумо дар он қарор дорем ҳанӯз солҳои 50-60-уми қарни гузашта бунёду мумфарш шуда, беш аз ним аср таъмири асосиро надида буд. Меҳмони гиромиқадри мо Умар Кремлёв бо падари бузургворашон, зодаи деҳаи Гулдараи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ акои Назар Сафаров иқдоми шоистаро роҳандозӣ карданд ва аз ин роҳ зиёда аз 70 ҳазор нафар сокинони ин дараи овозадор истифода менамоянд. Таъмиру таҷдиди роҳ ба беҳтар шудани вазъи иқтисодию иҷтимоии хоҷагиҳо мусоидат хоҳад намуд.