5 ноябри соли 2023 дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода, ё худ яке аз минтақаҳои таърихии “Роҳи Абрешим” маросими пардабардорӣ аз рӯи пайкараи рамзии “Гӯсфанди ҳисорӣ”, ки сохтмони он бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор роҳандозӣ шудааст, баргузор гардид.
Дар лаҳзаи пардабардорӣ аз пайкара намояндагону меҳмонон аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раёсати кишоварзӣ ва чорводорони маъруфи шаҳри Ҳисор, намояндагони васоити ахбори омма ҳузур доштанд.
Пас аз пардабардорӣ аз пайкара, аз ҷониби муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машокир Назарзода, ректори Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон Усмон Маҳмадёрзода, собиқадори соҳаи чорводорӣ, собиқ директорни хоҷагии зотпарварии “Ҳисор”-и ноҳияи Фархор Турдиҷон Ораев раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар меҳмононро хайрамақдам гуфта, зимни суханронӣ зикр намуд, ки бо ташаббус ва пешниҳодҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд меросҳои моддиву фарҳангии халқи тоҷик, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст, ба Феҳрести ташкилотҳои ҷаҳонию байналмилалӣ ворид шудааст.
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ низ аз ҷумлаи онҳо маҳсуб меёбад, ки дар идоракунии захираҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ, дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мебошад.
Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳанӯз 25 майи соли равон дар шаҳри Ҳисор семинари минтақавӣ дар мавзӯи “Гӯсфанди зоти ҳисорӣ: ҳолат ва дурнамо”доир шуда, олимону мутахассисони соҳа иштирок ва назару андешаҳои хешро баён дошта буданд.
Сипас, 28 июл дар Китобхонаи миллӣ ва рӯзи дуюм, 29 июли соли 2023 дар ноҳияи Варзоб бо иштироки олимони сатҳи байналмилалӣ дар мавзӯи “Селексия ва такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ” Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.
Идеяи гузоштани рамзи “Гӯсфанди ҳисорӣ” дар ҳудуди ватани аслиаш – водии Ҳисор зимни андешаронии олимон тавлид шуд ва он рӯзи пурифтихор фаро расид. Барои сокинони шаҳри Ҳисор боиси ифтихору сарфарозист, ки пайкараи гӯсфанди ҳисорӣ, ки дар асрҳои 6-уми мелодӣ бо усули селексияи халқӣ дар ҳамин сарзамин офарида шудааст, дар дили ҳамин водӣ гузошта мешавад.
Дар идомаи суханрониҳо, нотиқон – Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Шарофҷон Раҳимов, масъули сайти “Latif tj” Алихон Латифӣ, директори ташкилоти ҷамъиятии”Хазинаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ” Ҷаҳонгир Деҳқонов ва раиси хоҷагии деҳқонии “Алмосӣ” Хурсандмурод Қурбонов аз иқдоми шоистаи шаҳрдори шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар изҳори хушӣ ва қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, пайкараи “Гӯсфанди ҳисорӣ” туҳфаи арзишмандест ба сокинони диёр ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ва дар авроқи қомуси кишоварзии Тоҷикистон ин санаи фархунда бо сатрҳои заррин сабт хоҳад гардид.