15 ноябри соли 2023 дар шаҳри Ҳисор бо ибтикори Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шӯрои куҳансолони Ҳаракат дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Шӯрои Ҳаракат дар шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти шиори “Бо Пешвои миллатем” бо иштироки ду насл роҳпаймоӣ ва чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Пиру барнои шаҳр, аз ҷумлаи намояндагони касбу кори гуногун, собиқадорони ҷангу меҳнат, аҳли зиё, ҷавонону наврасон парчаму нишони давлатӣ, аксҳои Президент, Қаҳрамонони Тоҷикистон ва шиорҳои таҷассумгари садоқат ба Президент ва муҳаббат ба Ватани азизу маҳбуб дар даст, бо шукргузорӣ аз фазои орому осоишта ва ифтихору дӯстдории Ватан ҷониби кӯчаҳои марказии Исмоили Сомонӣ, Файзулло Абдуллоев ва Тоҷиддин Муҳиддинов роҳпаймоии идона доир карда, эҳтирому самимияти худро нисбат ба Президент, муқаддасоти миллӣ ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуданд.
Дар идома, дар толори Кохи фарҳанги шаҳр чорабинии тантанавии пуршукӯҳ баргузор гардид.
Нахуст, Суруди миллӣ мутантан садо дод. Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ҳайати раёсат – раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Матлубхон Давлатов, раиси Шӯрои шаҳрии куҳансолони Ҳаракат Халил Мирзоев, инчунин намояндагон аз шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринвро, ки дар толор ҳузур доштанд, муаррифӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт.
Сипас, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракат Ғайбулло Афзалов, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раҳмонзода Абдулло, собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ аъзоёни Шӯрои куҳансолони Ҳаракат Матлубхон Давлатов ва адиб Султонмуроди Одина суханронӣ карда, аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои халқи тоҷику тоҷикистониён тақдирсоз ва дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвари мо гардиши муҳимеро ба бор оварда, сарчашмаи хушбахтию дастовардҳои беназири халқамон маҳсуб меёбад, ёдовар шуданд ва афзуданд, ки маҳз бо пайки баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992, роҳи минбаъдаи давлатдорӣ, муҳимтар аз ҳама барқарор намудани сулҳу субот дар кишварамон муайян шуда, ба бахти миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд ва суханҳои нахустини ин марди хирад ба дидаҳои ноумеду қалбҳои ғамноки яхбастаи сокинони кишвар нуру зиё ва гармию эътимод бахшид.
Зикр гардид, ки ҳама кӯшишу ғайрат, азму талоши Пешвои муаззами миллат барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгору осудаи мардум ба халқи тоҷик ҳамвора рӯҳу илҳом бахшида, барои пешрафти минбадаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некӯаҳволии мардуми кишвар мусоидат намуд.
Раиси шаҳр Қосим Роҳбар дар фарҷоми суханрониҳо иброз дошт, ки воқеан, сулҳу ваҳдат волотарин арзиши маънавии умумибашарӣ буда, ҷавҳари онро ақлу хиради халқу миллатҳо, сарфи назар аз ақидаҳои сиёсиву диниашон ташкил медиҳад ва фарҳанги сулҳу ваҳдатофарӣ, ки асоси амнияту баробарии сиёсиву маънавии инсон маҳсуб меёбад, дар қарни ХХ шояд дастоварди бузургтарини миллати тоҷик бошад, ки пас аз ҷангу ҷидолҳои харобиовари таҳмилӣ дар кишвари мо ба даст омада, мову шумо имрӯз аз баракаташ баҳра мебардорем ва меъмори асосии ин тарҳи тақдирсоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Хотирнишон бояд шуд, ки дар зимоми давлатдориро ба даст гирифтани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан вакилон, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси барои давлати тоҷикон хатарноку фоҷеабор тасмими дуруст гирифтанд, беқиёс аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо фарри каёниву нерӯи фавқулоддаи осмонӣ роҳбарии давлати тозаистиқлол, вале ғарқа дар гирдоби фалокати азимро бар дӯш бигирад ва аввалин садое, ки аз қалби саршор аз муҳаббат ба давлату миллат баровард ин буд, ки халқи азизаш маҳзуну ноумед набошанд, атрофаш ҷамъ биёянд, миллатро аз вартаи ҳалокату нобудӣ берун бикашанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми нерӯю ақлу заковати худододи хешро бо азхудгузаштанҳои зиёд ва беқиёс дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати комил ва қуллаи мурод сарф намуд. Қаҳрамониҳои Эмомалӣ Раҳмон давоми мантиқии муборизаҳои Спитамену Муқанаъ, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум ва Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки гоҳе бо баҳои ҷонаш ва гоҳи дигар бо донишу заковати аз ниёгон ба мерос гирифтааш давлату миллатро ҳифз кард ва халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун миллати тамаддунсоз муаррифӣ ва минбарнишин намуд.
Қосим Роҳбар бо арзи эҳтирому ифтихор, садоқат ва самимияти афзун таманнои он намуд, ки саломатии Ҷаноби олӣ бардавом ва бо шарофати сиёсати дурбинона ва созандаи Пешвои маҳбуби миллат, роҳнамоию ҳидояти падаронаи ин шоҳсутуни давлати тоҷикон, сулҳу ваҳдати мардуми тоҷик пойдору устувор, рӯзгорашон орому осоишта, фаровон аз неъмат ва ҷовидон пешрафту шукуфон бошад.
Меҳмононро бори дигар ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам ва барои иштирок дар чорабинӣ изҳори сипос гуфта, барояшон саломатӣ, бахту иқболу комёбӣ ва рӯзгори саршор аз фараҳу шодмонӣ таманно намуд.
Барномаи рангини консертии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр, театри халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов, ки дар васфи Пешвои миллат, тарануми Ватан, муқаддасоти миллӣ, ваҳдату дӯстӣ ва зебогиҳои диёр суруда шуд, ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид.




















