Имрӯз, 25 декабр ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло, муовини якуми сардори Хадамоти давлатии назорат, танзим дар соҳаи нақлиёт Раҳимзода Мирзошариф ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор ва мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор ташриф оварда, туҳфаҳои идонаи солинавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз сару либоси гарм ва пойафзолу шириниҳо иборат буд, ба 200 нафар тарбиягирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва ба 315 нафар тарбиягирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор тақдим намуданд.
Ҳамчунин, аз номи Пешвои миллат кӯдаконро ба муносибати Соли Нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки кӯдакону наврасон, бахусус, маъюбону ятимон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пайваста зери таваҷҷӯҳи ғамхоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ҳеҷ гоҳ, дар чорроҳаи тақдир танҳо намегузоранд, то дарди бекасиро эҳсос намоянд.
Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳо аз иншооти иловагии сохташуда ва сохташаванда, синфхонаҳои таълимӣ, шароити хобгоҳ, утоқҳои касбомӯзию фароғатии шогирдон дидан намуда, бо таъминот бо оби гарм, барқу гармӣ дар синфхонаю хобгоҳ ва дигар утоқҳои хизматрасонию иҷтимоӣ шинос шуданд.
Барои боз ҳам беҳтар намудани шароит барои таҳсилу таълим ва фароғати хонандагони имконияти маҳдуддошта, ба роҳбарони муассисаҳо ва шахсони мутасаддӣ маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Ба хотири болидарӯҳии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ошхонаи муассисаҳо дастурхони идона ороста шуда, аз ҷониби аҳли хунари бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.