10 январи соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар соли 2023 ва вазифаҳо дар соли 2024 ҷаласаи фаъолони шаҳр доир гардид.
Раиси шаҳр Қосим Роҳбар ҷаласаро оғоз бахшида муовини Сарвазирро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт ва барои ҳузур дар ҷаласа изҳори сипос намуд.
Дар ҷаласа, инчунин муовинони якуми раиси шаҳр, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони масъули соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.
Раиси шаҳр вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалишавии бандҳои асосии Нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини натиҷаҳои пешбининамудаи Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар шаҳри Ҳисор, иҷрои бандҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, супоришҳои протоколи аз ҷаласаҳои кории раиси шаҳр соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиро дар соли 2023 тариқи монитор мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз муовинони соҳавӣ, роҳбарону масъулини соҳаҳои дахлдор рафти татбиқи онҳоро мавриди пурсиш қарор дод.
Зикр гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ дар дувоздаҳ моҳи соли сипаришуда дар умум 110,0 %, аз ҷумла дар соҳаи саноат 107,1 %, кишоварзӣ 104,2 %, соҳаи сохтмон 125,6 %, соҳаи савдо 108 %, хизматрасонӣ 105,2 % таъминӣ шудааст.
Раиси шаҳр иштирокчиёни ҷаласаро бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳои аз кор бозмонда, иҷрои нақшаи намудҳои андоз, бақияи қарзҳои андоз, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, шумораи бекорон ва ғайраҳо дар давраи ҳисоботӣ шинос намуд.
Дар идома, фаъолияти соҳаи кишоварзиро дар самти кишти тирамоҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, мевагӣ, сабзавот, гандум, картошка, маҳсулоти гӯштӣ ва шир, тухм таҳлил карда, аз рушди соҳаи асалпарварӣ, моҳипарварӣ ва харгӯшпарварӣ фаъолияти асотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ изҳори нигаронӣ намуд.
Раиси шаҳр дар баробари номбар намудани дастовардҳо дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр аз фаъолияти бахши сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рафти татбиқи Барномаҳои давлатӣ нигаронӣ намуд.
Бо такя ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” афзуд, ки соҳаи саноат беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари соҳибкорони ватаниро тақозо карда, рушди босуботи иқтисодӣ пешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ, истифодаи самараоки истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатнокиии маҳсулот , тақвияти содирот, ташаккули “иқтисоди сабз”, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодӣ, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро тақозо менамояд. Аз минтақаи саноатӣ ва дар доираи он бунёд шудани зиёда аз 20 корхонаву коргоҳи саноатӣ ёдовар шуда, фаъолияти масъулонро дар раванди татбиқи ин лоиҳа нокифоя хонд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни суханронӣ бардошти хешро аз иҷлосияи имрӯза ироа намуда, вобаста ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, ки аз ҷониби раиси шаҳр муфассал таҳлилу баррасӣ гардид, назароти мусбии хешро баён дошт. Ҳамчунин, аз ҳифзи амнияти озуқаворӣ, ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, баргузории олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”,”Тоҷикон – оинаи таърих” ва иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар ин чорабиниҳо, татбиқи бандҳои Нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и шаҳр бахшида ба 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Изҳори итминон намуд, ки сокинони шаҳри Ҳисор атрофи роҳбарияти олии кишвар зич муттаҳид шуда, минбаъд низ баҳри расидан ба ҳадафҳои олӣ саъю талош хоҳанд намуд.
Дар идомаи ҷаласа раиси шаҳр суханронӣ карда, ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид шудааст, иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2026, таъмини сифатноки қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2024, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, саноатикунонии босуръат, таъминоти аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ ва фаровонии бозори истеъмолӣ, татбиқи нақшаи генералии шаҳр, фароҳам овардани шароти мусоиди зиндагӣ, рушди неруи инсонӣ, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, иҷрои нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2024, иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ба муносбати ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлаттии Тоҷикистон, тақвияти фаъолияти самараноки шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, дастгоҳи ҷамоатҳо ва ғайраҳо вазифагузорӣ намуд.