Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДАСТУРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲНАМОИ МОСТ!

Субҳи 27 январи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор маҷлиси васеи кории раиси шаҳр Қосим Роҳбар бо иштироки муовинон, роҳбарону кормандони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони идораву сохторҳои дахлдор дар шаҳр баргузор гардид.
Нахуст, раиси шаҳр дар бораи тағйироти кадрӣ маълумот дода, нафаронеро, ки ба вазифаҳои масъули МИҲД-и шаҳр таъйин шуданд, Фирдавс Неъматов мудири бахши меъморӣ ва сохтмон, Масрурҷон Ҳусейнов директори корхонаи давлатии фаръии Хоҷагии манзилию комуналӣ ва сохтмон, Даврон Нарзуллоев директори Муассисаи давлатии дастаи Клуби Футболи “Шодмон”-и шаҳри Ҳисор муаррифӣ кард ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъилият муваффақият таманно намуд.
Ҳамчунин, барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор намудани 35-солагии ёдбуди шаҳидони заминларзаи Ҳисор ба масъулини чорабинӣ, муовини якуми раиси шаҳр Сироҷиддин Каримзода, муовини раиси шаҳр Сангалӣ Гулов, мудири бахши саноат, сохтмон ва нақлиёт Мубин Муъминзода ва кормандони дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраки Шарора ва деҳоти Ҳисор арзи сипос намуд.
Раиси шаҳр зикр намуд, ки ҷаласаи имрӯза дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024 ва Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2023 доир гардида, масъалаи таҳия ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин самт, баррасӣ мегардад.
Сипас, раиси шаҳр тариқи монитор ишттирокчиёни ҷаласаро бо бандҳои дигари рӯзномаи маҷлис, ки масъалаҳои вусъат бахшидани маъракаи ниҳолшинонӣ, таъмини тозагиву ободонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо усули ҳашарҳои дастҷамъона, таҳкими фаъолияти ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва таъсиси ҳайати нави Шӯрои ҷамоатҳо, таҷлили ҷашни “Сада”, омодагӣ ва баргузор намудани нишасти матбуотии раиси шаҳр бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 –ро дар бар мегирифт, шинос намуд.
Масъалаҳои дарҷшуда як-як баррасӣ шуда, раиси шаҳр муҳтавои дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ва Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини суръати рушди иқтисодӣ, пешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолии тағирёбии иқлим, ташаккули иқтисоди сабз, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, содироти маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ дар мактаб интернатҳо ва барои маъюбон, самаранокии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҷамоатҳо, ташкили ҳукумати электронӣ, гузариши пурра ба иқтисоди рақамӣ, коҳиш додани ҳаҷми молу маҳсулоти воридотӣ ба бозорҳои шаҳр, сифатнок иҷро намудани нақшаи андоз, зиёд намудани қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон, иҷро намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунииҳои ғайринақдӣ дар пардохтҳоро шарҳу эзоҳ дод ва ҷиҳати иҷрои амалии онҳо масъулонро вазифагузорӣ намуд.
Дар рафти маҷлис, инчунин, масъалаҳои таҳияи лоиҳаи қарорҳои раиси шаҳр ва нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и шаҳр барои ислоҳу бартараф намудани камбудиҳои дар Маҷлиси Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Роҳбари давлат баён гардида, баррасии Барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар самти иқтисодӣ, саноат ва кишоварзӣ, иҷтимоӣ, бахусус маорифу тандурустӣ дар иҷлосияҳои навбатии Маҷлиси вакилони шаҳр пешниҳод шуда, ҷиҳати назорат ва ислоҳу баррасӣ муовинони соҳавӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдор муваззаф гардиданд.