Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

11 марти соли равон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба муносибати солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки адибон ва намояндагони васоити ахбори омма чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор иштирок ва суханронӣ карда аҳли қаламро ба муносибати ҷашн табрику таҳният гуфт.
Аз ҷумла зикр намуд, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир бузург буда, ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба матбуот, мақом ва моҳияти рӯзномаю рӯзноманигор дар ҳаёти ҷомеа ишора намуда иброз доштаанд, ки: «Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудоинопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ муҳайё месозад».
Ҳамчунин, аз саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ва аввалин муҳаррири рӯзномаи Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон “Иди тоҷик”, ки имрӯз бо номи “Ҷумҳурият” нашр мешавад, устод Абулқосим Лоҳутӣ ва саҳми онҳо дар рушди матбуот, фарҳангу адабиёти тоҷик, инъикоси равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва ғайраҳо ёдовар шуда, таъкид дошт намояндагони матбуоти имрӯзии мо бояд аз мактаби арзандаву омӯзандаи онҳо сабақ гиририфта, анъанаҳои неки онро идома бахшанд.
Воситаҳои ахбори омма дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон вобаста ба воқеияти замон такоммулу ташаккул ёфта, ба мақсаду мароми халқ, арзишу манфиатҳои миллӣ наздиктар шуд ва дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта гардид. Дар баробари рӯзномаю маҷаллаҳои давлатӣ шумораи зиёди расонаҳои хабарӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои хусусии мустақил, аз ҷумла радиову телевизион рӯи кор омаданд, ки ҳарду шоха иҷрои рисолати касбӣ, хизмати содиқонаю софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.
Раиси шаҳр дар идомаи чорабинӣ ба Абдуқуддус Ҳамдамӣ – хабарнигори маҷаллаи “Ҳисори зарнисор” барои ҳамкориҳои судманд, саҳми муносиб дар рушди матбуоту адабиёт ва ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, Мақсуда Ҳакимзода хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75, аъзои фаъоли маҳфили “Саройи сухан”-и бахши ИНТ дар шаҳри Ҳисорро, барои ғолиби ҷойи якум гардидан дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва маблағи пулӣ сарфароз гардонид.
Ҳамчунин, ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳайатҳои эҷодии рӯзномаи шаҳрии “Ҳисори Шодмон”, маҷаллаҳои “Ҳисори зарнисор” ва “Маорифи Ҳисор”, хабарнигорони минтақавии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” – Субҳониддин Маҳмудов, рӯзномаи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” – Ёқуби Содиқ, нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Садои мардум” – Муҳаммад Зокир, муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” – Қодирзода Бахтиёр, нашрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” – Ҳотам Рабиев, оператори бахши фарҳанги шаҳр Муҳаммадалӣ Ҳафизов, барои навиштани сенария ва ба саҳна гузоштани саҳначаҳои ҳаҷвии маърифатию ахлоқӣ дар чорабиниҳои ҷашнии фарҳангӣ, директори “Кохи фарҳанг”, аъзои фаъоли маҳфили “Саройи сухан”-и бахши ИНТ дар шаҳри Ҳисор – коргардон, ҳунарпешаи синамо ва овозхони маъруф Парвиз Пӯлодӣ бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар чорабинӣ раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз нашри китоби нави адиб Султонмуроди Одина бо номи “Қиссаҳои даврони шӯр”, ки бо дастгирии эшон ба нашр расида, дар Рӯзи матбуот ба устод тақдим мегардад, мужда расонид ва аҳли қалами шаҳрро бо ин рӯйдоди фарҳангӣ табрику таҳният гуфт.
Аз собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, рӯзноманигор, шодравон Акбари Саттор ва собиқадори соҳаи маориф Халил Мирзоев ёдовар шуда, Қосим Роҳбар иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тасмим гирифтааст ба хотири гиромидошти номи фарзандони содиқу баруманди шаҳр ва Тоҷикистони азиз ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро ба номҳои эшон номгузорӣ карда, дар пештоқи муассисаҳо лавҳаи ифтихорӣ насб намояд. Рӯзноманигорон аз пешниҳоди раиси шаҳр бо хушҳолӣ истиқбол намуда, ба иқдоми шоистаи шаҳрдор арзи сипос баён доштанд.
Дар фарҷом адибон Султонмуроди Одина, Ҳакималӣ Назаралӣ ва адиби наврас Мақсуда Ҳакимзода барои дастгирии раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз чопи китобҳои собиқадорон ва ҷавонону наврасони болаёқату соҳибзавқ сипосгузорӣ намуданд.