Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ

1 апрели соли равон дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони “Хизмат ба Ватан шараф аст” чорабинии тантанавии Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ наваскарону хизматчиёни қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, ҷавонони фаъол – гирандагони стипендияи Президенти Тоҷикистон ва Раиси шаҳр аз назди бинои комиссариати ҳарбӣ тавассути кӯчаҳои марказӣ то Кохи фарҳанги шаҳр, бо шиорҳои “Тоҷикистон ба пеш”, “Хизмат ба Ватан шараф аст”,“Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мост” ва садои карнаю сурнай роҳпаймоӣ намуданд.
Дар Кохи фарҳанги шаҳр роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссариати ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, наваскарон бо волидайну пайвандонашон, донишҷӯёну муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ Рӯзи даъватшавандаро пуршукӯҳ таҷлил намуданд.
Баъд аз гузориши низомии комиссари шаҳр Ҳафиззода Беҳрӯз ба раиси шаҳр Қосим Роҳбар оид ба омодагии наваскарон барои иштирок дар чорабинии Рӯзи даъватшаванда раиси шаҳр суханронӣ карда, наваскаронеро, ки бо амри виҷдон, ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд, хайрамақдам гуфт ва ба волидайну устодонашон изҳори сипос намуд.
Зикр гардид, ки ба туфайли ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус дастгириву ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити буду бош ва хизмату сукунати аскарон дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтару хубтар гашта, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар минтақа, ҳамчун яке аз ниҳодҳои тавоною қудратманд ташаккул ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ ба Артиши миллӣ таъкид доштаанд ки: «Давоми солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далерию шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намуданд ва борҳо собит сохтанд, ки Артиши миллӣ аз уҳдаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонад».
Бинобар, вазъияти мураккаби ҷаҳони имрӯз аз шумо ҷавонони бонангу номус тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли давлатӣ ва марзу буми худ аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар эҳсос намоед, афзуд раиси шаҳр. Зеро, бархӯрди манфиатҳои мамлакатҳои абарқудрат ва марҳилаи нави муборизаҳое, ки байни кишварҳо вуҷуд дорад, нишон медиҳад, ки ҳатто соҳибихтиёрии давлатҳои садсолаҳо мавҷударо хатари аз байн рафтан таҳдид менамояд. Халқу миллатҳои ҷаҳон дар вазъияти хеле мураккаби ноором мебошанд. Аз ин рӯ имрӯз вақти он расидааст, ки пайи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон, миллати хеш, падару модар, хоҳарону бародарон ва аҳли диёр бештар талош варзем.
Таъкид гардид, ки барои истодагарӣ намудан ба хавфу хатарҳои афзоянда ва таъмини суботу амнияти кишвар, ҳифзи ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватан Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва ба нангу номус эҳтиёҷ дорад. Хушбахтона сафи ихтиёриён пайваста афзуда, имсол дар шаҳри Ҳисор 120 нафарро ташкил додааст.
Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар даъвати баҳории имсола 90 нафар ихтиёриён ба курсҳои ронандагии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҷалб гардида, имрӯз дар шоҳидии шумо соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мегарданд ва итминон дорем дар қисмҳои ҳарбӣ ба сифати ронанда содиқона хизмати ватан хоҳанд намуд, – баён дошт раиси шаҳр Қосим Роҳбар.
Раиси шаҳр ба даъватшавандагоне, ки курси кӯтоҳмуддати ронандагиро дар Ҷамъияти мададгори мудофиа хатм намудаанд шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда, барои хизмати содиқона ба Ватан роҳи сафед таманно намуд.
Дар чорабинӣ Шокирҷон Исмоилов – бобои даъватшаванда аз деҳаи Сайёди Ҷамоати деҳоти Ҳисор, Маҳмадизода Наврӯз – сарбоз аз қисми ҳарбии “0124”-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, Шамшод Солиев – даъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ба сухан баромада, аз роҳи тайкардаи пуршарафи падару бобоён, қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик ёдовар шуданд ва ҳамзамон, хизмати ҳарбиро барои ҷавонон мактаби бузурги тарбияи ҷисмию равонӣ арзёбӣ карда, онҳоро ба хизмати Ватан-Модар ҳидоят намуданд.
Дар интиҳо ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр Барномаи консертииро пешкаши наваскарон карданд. Рақсу шодии наваскарон, дӯстону волидонашон чорабинии Рӯзи даъватшавандаро рангину хотирмон намуд.