Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА

13 апрели соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати Раиси шаҳр Қосим Роҳбар маҷлиси васеи корӣ баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд.
Дар маҷлис муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони воҳидҳои сохтории МИҲД-и шаҳр, раисон, муовинон ва котибони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.
Нахуст, раиси шаҳр нафаронеро, ки ба вазифаҳои нав таъйин шудаанд муаррифӣ карда, ба фаъолияти минбаъдаашон муваффақият таманно намуд.
Сипас, тариқи монитор бо истифода аз ҷадвалҳои таҳияшуда соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрро дар се моҳи аввали соли 2024, амалишавии бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳрро бо шарҳу эзоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Зикр гардид, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ 113,0 фоиз ё ба маблағи 850,2 млн. сомонӣ таъмин гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ин нишондод дар соҳаи сохтмон 126 фоиз, савдо 116, хизматрасонӣ 108, кишоварзӣ 100,8 ва саноат 100,1 фоизро ташкил додааст.
Ҳамчунин, нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 102,4 фисадро ташкил дода, ба ҷои 71,6 млн. сомонии нақша 73,3 млн. сомонӣ ба буҷет ворид шудааст. Бақияпулиҳои андоз низ нисбатан кам гардидааст.
Раиси шаҳр аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, бахусус, корхонаҳои аз истеҳсолот бозмонда изҳори нигаронӣ намуд ва масъулони соҳаро барои бозомӯзии фаъолияти онҳо вазифагузорӣ намуд.
Дар идома, фаъолияти соҳаи кишоварзиро дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди таҳлил қарор дода, бо нигаронӣ аз фаъолияти асотсиятсияҳо дар соҳаи чорводорӣ ва вобаста ба рафти кишти чигит, парвариши кирмак, картошка, сабзавот ва дигар зироатҳо масъулони Раёсати кишоварзӣ ва дастгоҳи ҷамоатҳоро вазифадор кард.
Ба рафти иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ карда, роҳбарони зергурӯҳҳои кориро ба каммасъулиятӣ айбдор намуд ва барои вусъати корҳои тозагӣ дар шаҳр, ободониву созандагӣ, бахусус, бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, дӯхти сару либоси мактабӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муовинон, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, дастгоҳи ҷамоатҳо, ҳайати зергурӯҳҳои корӣ ва соҳибкоронро таъкид намуд.
Аснои таҳлили самти идеологӣ, раиси шаҳр аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ёдовар шуд ва барои риояи талаботҳои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” масъулони соҳаро маваззаф намуд. Ҷиҳати назорати ҷиддии сару либос ва давомоти мактаббачаҳо, инчунин, андешидани чораҳои зарурии пешгирӣ аз ҷиноят байни ноболиғон супоришҳои қатъи дода, афзуд, ки барои хунукназарӣ ва ба таъхир гузоштани ислоҳи камбудиҳое, ки дар ин самт ошкор гардидаанд ба масъулони соҳа ҷазоҳои то аз вазифа озод намудан татбиқ карда мешавад.
Дар фарҷом раиси шаҳр натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар семоҳаи аввал устувор маънидод кард.
Ҳамзамон, барои таъмини саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар баъзе аз самтҳои фаъолият масъулинро вазифагузорӣ намуд.