Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

18 апрели соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ, раисони маҳалла ва имомхатибони масҷиди ҷомеъ маҷлиси васеи корӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, татбиқи талаботҳои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар самти идеологӣ, ва вобаста ба раванди ислоҳи камбудиҳое, ки ҳангоми санҷиш аз ҷониби комиссияҳои кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ошкор шудааст, гузориши муфассал дод. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор зимни суханронӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 24 январ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, 9 марти соли равон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ёдовар шуда, аз фаъолияти кормандони соҳаҳои идеологии шаҳр, бахусус соҳаи маориф, изҳори нигаронӣ кард. Аз таъсири равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир ҷараён дорад, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ ва зарару оқибатҳои онҳо ба ҷомеа назари хешро баён дошт. Аз бадном шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалҳои террористие, ки дар ҷаҳон рух додаанд изҳори таасуф карда, иштироки ҷавонон аз шаҳри Ҳисор дар ин воқеаҳои хунинро маҳкум намуд ва афзуд, ки ба ин амали нангин даст задани онҳо аз бетафовутию бемасъулиятии падару модар сарчашма гирифта, мактабу маориф ва аҳли ҷомеа низ то ҷое гунаҳгоранд. Тибқи маълумоти шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор шумораи ҷиноят ба ҳамин давраи соли 2023 баробар бошад ҳам, барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд 299 нафар волидайн ҷаримабандӣ шудаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 159 адад зиёд мебошад. Айни ҳол 60 нафар аз сокинони шаҳри Ҳисор, ки ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил гаштаанд ва 101 нафар даст ба ҷиноят задаанд, дар кофтуков қарор доранд. Инчунин, 6 нафар ҷавон, 2 нафар аз Ҷамоати деҳоти Навобод, 1 нафар аз Ҷамоати деҳоти Дурбат, 1 нафар аз Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода ва 3 нафар аз Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ ба таври ғайрирасмӣ таҳсил намуда истодаанд ва барои баргардонидани онҳо корҳои амалӣ рафта истодааст. Дар идомаи суханронӣ Носирзода Ҷаббор аз ба сафари умра рафтани омӯзгорон ва шогирдони баъзе муассисаҳои таълимии шаҳр, ба исрофкорӣ роҳ дода маъракаҳои серхарҷ ташкил кардани онҳо, риоя нагардидани қоидаҳои пӯшидани либосҳои расмиву мактабӣ, вазъи донишу давомоти хонандагон дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ ном гирифта, масъулони соҳаро дар робита ба ин масъалаҳо, ки доғи рӯз гардидааст, пурсиш намуд. Аз ҷараёни сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нигаронӣ карда, дар баробари кормандони комиссариати ҳарбӣ ва дастгоҳи ҷамоатҳо омӯзгорон, раисони маҳалла ва имомхатибонро муваззаф намуд. Ба шуъбаю бахшҳои идеологӣ, бахусус, шуъбаи кор бо занон ва оила, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, муассисаҳои маорифу тандурустӣ супориш дода шуд, ки дар пешгирии ҷавонон аз ҷиноят ва хурофоту ифротгароӣ, тарғиби либоси миллӣ ва пешгирӣ аз либоспӯшии фарҳанги бегона корро ҷоннок карда, барои татбиқи талаботҳои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ фаъолият намоянд. Имомхатибони шаҳр дар суҳбату мавизаҳои хеш бо аҳли ҷомеа, фаъолияташонро ҷиҳати ба меҳнат, илму маърифат ва забономӯзӣ ҳидоят кардани наврасону ҷавонон, эҳтиром гузоштан ба сару либоси миллӣ, ки ба арзишҳои исломӣ мухолифат намекунад, таҳкиму тавсеа бахшанд. Дар фарҷом муколаммаи озод баргузор гардида, намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, шуъбаи маориф, собиқадорони ҷангу меҳнат ва имомхатибони масҷиди ҷомеъ фикру андеша ва муносибати хешро дар робита ба масъалаҳои таҳлилу баррасишуда баён доштанд.