Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ ВАЗИРОНИ КИШОВАРЗИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ АЗ ШАҲРИ ҲИСОР

17 апрели соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо ҳузур дорад ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, аз ҶСК “Агротехсервис” боздид намуданд.
Роҳбари корхона меҳмононро бо сехҳои истеҳсолӣ, ки ба васлу насби техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ нигаронида шудаанд, шинос намуд.
Зикр гардид, ки таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, табодули таҷриба ва техникаву мошинолотҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар ҳарду кишвари ба ҳам дӯст манфиатбор буда, меҳнати кишоварзонро осон ва пурсамар менамояд.
Дар идомаи сафар меҳмонон аз Боғи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дидан намуда, омодагии хешро барои бунёди боғи интенсивӣ дар ҳудуди он иброз доштанд.