Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

121 НАФАР НИЁЗМАНД СОҲИБИ ЗАМИН ШУДАНД

    121 НАФАР НИЁЗМАНД СОҲИБИ ЗАМИН ШУДАНД
 
 Имрӯз бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар мавзеи Ҳалқадашти Ҷамоати деҳоти ба номи Турсунзода ба 121 нафар ниёзмандоне, ки солҳо инҷониб дар навбати гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ буданд, озоду шаффоф ва ба тариқи қурапартоӣ замин тақсим гардид.
Бо дастури раиси шаҳр ба омӯзгорону табибон, нафароне, ки ду фарзандашон адои хизматӣ ҳарбӣ намудаанд, маъюбон, кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот бе навбат ва бе иштирок дар қурапартоӣ ва бо хоҳиши худашон ҳуқуқи дар ҷойи дилхоҳашон интихоб кардани қитъаи замин дода шуд. Дигарон бо талоне, ки заминҳо рақамгузорӣ шуда буданду худашон интихоб намуданд, соҳиби қитъаи замин гардиданд.
Ҳамчунин, аз ҷониби раиси шаҳр иброз гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ ба нафароне, ки вазифаҳои давлатию хизматии хешро содиқона адо менамоянд, дар дастрасӣ ба замин ва дигар имтиёзҳо бартарият медиҳад.
Раиси шаҳр шаҳрвандоне, ки соҳиби замин шуданд муборакбод гуфт ва онро туҳфаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуд ва афзуд, ки Ҳукумати мамлакат бо сарварии роҳбари адолатпешаи худ барои бо манзил таъмин гардидани шаҳрвандони кишвар пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар тақсимоти замин ниёзмандон аз ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор ва деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода иштирок карда, ба роҳбарияти олии кишвар барои ғамхориҳои пайваста бо муҳаббату самимияти хоса изҳори сипосу эҳтиром намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *