БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОН ДАР МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ
24 август раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ба Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода бо сафари корӣ ташриф оварда, бо рафти сохтмони биноҳои синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 16, 92 ва 67, ки зимни сафари қаблии корӣ ба ҷамоати мазкур дар кандану рехтани бетони таҳкурсии аввалӣ иштирок намуда буд (дар 6 акси аввал сафари қаблӣ инъикос гардидааст), шинос гардид.
Бинои кӯҳнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, воқеъ дар деҳаи Даҳбед соли 1962 бунёд ёфта, дар назди муассиса соли 2015 бахшида ба 3000-солагии шаҳри Ҳисор 10 синфхонаи иловагӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Айни ҳол теъдоди хонандагон ба 1020 нафар расида, норасоии ҷойи нишаст роҳбарияти муассисаро ба сохтани якчанд синфхонаҳои иловагӣ водор сохтааст. Хушбахтона, дар ҳама деҳоти шаҳри Ҳисор соҳибкорони ватандӯсту маърифатпарвар хеле зиёданд ва фарзандони оилаи Самадовҳо, Тоҷиддин ва Хайриддин дар Даҳбед аз зумраи онҳо маҳсуб меёбанд. Саҳми ин хонадон дар ободонии деҳа шоистаи таҳсин буда, чоҳи амудии кандаи онҳо соли дуюм аст, ки сокинони деҳа ва муассисаҳои маъмурии ҳудуди онро пурра бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамояд.
Бародарони соҳибкор дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтанд дар назди муассиса боз 16 синфхонаи иловагиро дар ду ошёна бунёд карда, ба кӯдакону наврасони деҳа дар ҷашни байналмилалиии Наврӯзи соли 2023 туҳфа намоянд. Корҳои сохтмон бо заҳмати 8 нафар сохтмончӣ ва устоҳои маҳаллӣ дар ошёнаи якуми бино ба анҷом расида, идомаи корҳо дар қисмати боқимондаи иншоот вусъати тоза касб кардааст.
Дар идомаи сафар раиси шаҳр вориди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 92-и деҳаи Садоқат гардид ва бо роҳбари муассиса оид ба омодагӣ ба Соли нави таҳсил ва рафти бунёди 6 синфхонаи иловагӣ, ки сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист, сӯҳбат намуд.
Дар деҳаи Равшандилони ҷамоати мазкур раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз рафти сохтмони 3 синфхонаи иловагӣ ва як ҳуҷра барои омӯзгорон, ки бо саҳми аҳолӣ тариқи ҳашари дастҷамъона бунёд меёбад, дидан намуд. Устоди донишгоҳи миллӣ Амирҳамза Мирзомиддинов, ки яке аз ташаббускорони иқдоми мазкур маҳсуб меёбад, ба раиси шаҳр иттило дод, ки сохтмони бино дар ибтидо дар як ошёна пешбинӣ гардида буд, вале бо дарназардошти он ки солҳои баъдӣ имкон дорад дар муассиса мушкилоти нарасидани синфхонаҳо пеш ояд, пирони деҳа ва масъулони сохтмон тасмим гирифтанд сохтмони биноро дар ду ва ё се ошёна роҳандозӣ намоянд. Ҳамчунин, ба раиси шаҳр барои бо хишт таъмин кардани иншоот изҳори сипос намуда, пас аз анҷоми сохтмон дастрас гардидани мизу курсӣ ва таҷҳизоти хонишро аз ҷониби МИҲД-ӣ шаҳр хоҳиш намуданд. Раиси шаҳр оид ба ҳалли мушкилот дар ҷараёни сохтмон ва мусоидат ба дастрасӣ ба мизу курсӣ ва дигар ҷиҳози хониш изҳори омодагӣ намуд.