Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Author name: Вебсайт

Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 17.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси мувофиқаи бадастомада, аз 12 то 17 марти соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Гурӯҳҳои кории топографӣ 10,76 км гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа намуданд. Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, то тавсифи минтақаҳои боқимондаро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд. Аз рӯйи натиҷаи вохӯрӣ Протоколи …

Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид Read More »

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

11 марти соли равон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба муносибати солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки адибон ва намояндагони васоити ахбори омма чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор иштирок ва суханронӣ карда аҳли қаламро ба муносибати ҷашн табрику таҳният гуфт. Аз ҷумла зикр намуд, ки нақши воситаҳои …

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

МАҶЛИСИ ВАСЕИ КОРИИ РАИСИ ШАҲР

11 марти соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор маҷлиси васеи кории раиси шаҳр Қосим Роҳбар бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисону кормандони масъули ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳои давлатии дахлдор доир гардид. Раиси шаҳр ба кори маҷлис оғоз бахшида, иштирокчиёни маҷлис ва …

МАҶЛИСИ ВАСЕИ КОРИИ РАИСИ ШАҲР Read More »

ИСТИҚБОЛ АЗ РӮЗИ МОДАР

Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмилалӣ шуруъ аз оғози рӯзҳои аввали фасли баҳор чорабиниҳои зиёди идона, аз қабили “Тоҷикона мепӯшем”, “Кадбунуи беҳтарин”, “Аллаи беҳтарин”, “Канӣ, духтарҳо” баргузор гардида, эҳтирому ифтихори занону бонувонро нисбат ба идҳои миллӣ таҷассум менамояд. Имрӯз, 6 март дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии …

ИСТИҚБОЛ АЗ РӮЗИ МОДАР Read More »

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН”

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр бо мақсади дарёфти кадбонуҳои беҳтарин, ҷиҳати эҳёи намунаҳои хӯрокҳои миллии аз байн рафта, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” …

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН” Read More »

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН

23 феврали соли 2024 дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии пуршукӯҳи тантанавию фарҳангӣ доир гардид. Пас аз садо додани Суруди миллӣ муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин суханронӣ карда, паёми шодбошии раиси шаҳр Қосим Роҳбарро ироа намуд. Аз ҷумла зикр намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон …

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН Read More »

НАМОЯНДАГОНИ МИҲД-И ШАҲРИ ҲИСОР ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОНУ АФСАРОН

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дастури раиси шаҳр Қосим Роҳбар, бо роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин роҳбарону намояндагони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссариати ҳарбии шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, волидайни сарбозон аз шаҳри Ҳисор ба қисми низомии “45045”-и Кумитаи ҳолатҳои …

НАМОЯНДАГОНИ МИҲД-И ШАҲРИ ҲИСОР ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОНУ АФСАРОН Read More »

МАШВАРАТ ОИД БА НИҲОЛШИНОНӢ ВА КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР ШАҲР

14 феврал бо дастури раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар МИҲД-и шаҳри Ҳисор оид ба баррасии супориши протоколии ҷаласаи назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз 2 феврали соли 2024, оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи мушаххаси давлатӣ вобаста ба кабудизоркунии кишвар барои давраи то соли 2040, ки аз банди 40-и нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти …

МАШВАРАТ ОИД БА НИҲОЛШИНОНӢ ВА КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР ШАҲР Read More »

ГУЛЗОДА Сангалӣ Бурӣ

ГУЛЗОДА Сангалӣ Бурӣ аз 12 январи соли 2024 дар мансаби муовини раиси шаҳри Ҳисор (мутасаддии соҳаҳои сохтмон, энергетика, саноат, алоқа, нақлиёт ва коммуникатсия) кор мекунад Соли таваллуд  03 августи соли 1986 Ҷои таваллуд  шаҳри Ҳисор Миллат   тоҷик Таҳсилот  олӣ Соли 2010 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро  хатм кардааст Ихтисос   муҳандис-сохтмончӣ Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ Вазъи оилавӣ   …

ГУЛЗОДА Сангалӣ Бурӣ Read More »

НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР

7 феврали соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотии раиси шаҳр Қосим Роҳбар бо иштироки муовинон, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҳудудӣ баргузор гардида, фаъолияти МИҲД-и шаҳр дар соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд. Дар нишаст хабарнигорон аз васоити ахбори …

НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР Read More »