Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Author name: Вебсайт

ТАШРИФИ ИШТИРОКЧИЁНИ БОЗИҲОИ ДЕЛФӢ БА ШАҲРИ ҲИСОР

18 октябр иштирокчиёни 16-умин бозиҳои байналмилалии Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларусия, Озарбойҷон, Арманистон ба муассисаи давлатии ҷумҳуриявии “Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор” ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи Арки қалъаи Ҳисор меҳмононро намояндаи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр Соҷида Каримова, директори Мамнуъгоҳ Ҷалол Ҷалолов ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр истиқбол …

ТАШРИФИ ИШТИРОКЧИЁНИ БОЗИҲОИ ДЕЛФӢ БА ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

МУАРРИФИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ХӮРОКҲОИ МИЛЛӢ ДАР “БОҒИ ИРАМ”

Бори нахуст аз 14 то 18 октябри соли 2022 дар Тоҷикистон 16-умин Бозиҳои байналмилалии Делфӣ барои ҷавонони аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Бозиҳои мазкур 17 октябр дар Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ баргузор гардид. Дар намоиши мазкур кишоварзон, аҳли ҳунару фарҳанг …

МУАРРИФИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ХӮРОКҲОИ МИЛЛӢ ДАР “БОҒИ ИРАМ” Read More »

ИШТИРОКИ КИШОВАРЗОНИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР ТАҶЛИЛИ ИДИ МЕҲРГОН

Имрӯз, 15 октябр бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон, ки мероси пурарзиши аҷдодон, иди касбии кишоварзон маҳсуб ёфта файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ин рӯз Фестивал-намоиши маҳсулот …

ИШТИРОКИ КИШОВАРЗОНИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР ТАҶЛИЛИ ИДИ МЕҲРГОН Read More »

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ҚОСИМ РОҲБАР БА МУНОСИБАТИ “РӮЗИ СОҲИБКОРОН”

Соҳибкорони муҳтарам! Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 14 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи соҳибкорон» бо тантана таҷлил мегардад. Ҷашн гирифтани «Рӯзи соҳибкорон» дар мамлакат иқдоми саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътирофи хизматҳои шоёни соҳибкорон дар ҷодаи ободониву созандагӣ дар мамлакат …

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ҚОСИМ РОҲБАР БА МУНОСИБАТИ “РӮЗИ СОҲИБКОРОН” Read More »

ПАЗИРОИИ МЕҲМОНОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

12 октябр меҳмонони беларусӣ, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишавари мо ҳузур доранд, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд. Меҳмононро дар ҳайати вазири саноати Ҷумҳурии Беларус Рогожник Александр Николаевич, директори генералии ҶСК “Минский тракторный завод” Вовк Виталий Михайлович, директори генералии ҶСК “Гомсельмаш” Новиков Александр Александрович, директори генералии …

ПАЗИРОИИ МЕҲМОНОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

       11 октябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндаи Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, Раиси шаҳр Қосим Роҳбар, инчунин муовини якум, муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону намояндагони сохторҳои мақомоти ҳифзи …

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Read More »

КОРҲОИ ТАЪМИРУ ТАРМИМ ДАР ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИ “ҲИСОР”

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъмиру тармими трансфарматорҳо ва хатҳои интиқоли барқ дар чашмакҳои №6, №10, №11, №34-и зеристгоҳи барқи “Ҳисор” ва 9 чашмаки зеристгоҳи барқи “Хонақоҳ” ки шаҳри Ҳисорро бо барқ таъмин менамоянд корҳои таъмиру тармим бо сифати баланд идома меёбад. Бо дастури раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар …

КОРҲОИ ТАЪМИРУ ТАРМИМ ДАР ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИ “ҲИСОР” Read More »

АРМУҒОНИ ШОИСТАИ МАЪНАВӢ

Бахшида ба 30-солагии фаъолияти сиёсиву далатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонкитоб бо номи “ Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни тоҷикон” ба ду забон, тоҷикӣ ва русӣ бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд интишор шуд. Китоб ба …

АРМУҒОНИ ШОИСТАИ МАЪНАВӢ Read More »

ХАТИ НАВИ БАРҚИ 10 КИЛОВОЛТА ДАР ШАҲРАКИ ҲИСОР

5 октябр ҳайати меҳмононе, ки дар таҷлили Рӯзи забон, ифтитоҳи лавҳаи рамзии “Водии зарнисор” дар гардиши Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор иштирок доштанд бо роҳбаладии раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ба деҳаи Содиқии Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ташриф оварда, дар маросими васл намудани хати нави 10 киловолтаи барқ аз зеристгоҳи 110 киловолтаи “Хонақоҳ” то маркази шаҳраки Ҳисор иштирок …

ХАТИ НАВИ БАРҚИ 10 КИЛОВОЛТА ДАР ШАҲРАКИ ҲИСОР Read More »

ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИФТИТОҲИ ЛАВҲАИ РАМЗИИ “ВОДИИ ЗАРНИСОР”

5 октябр бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гардиши роҳи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ ва маросими пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи рамзӣ бо номи “Водии зарнисор” баргузор гардид. Дар чорабинӣ ходимони давлатию ҷамъиятӣ, собиқадорони меҳнат, адибон, зиёиёни муътабари водӣ ва дигар …

ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИФТИТОҲИ ЛАВҲАИ РАМЗИИ “ВОДИИ ЗАРНИСОР” Read More »