Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Month: September 2023

ШОМИ ДӮСТӢ ДАР НАВРӮЗГОҲИ ПОЙТАХТ БО ИШТИРОКИ АҲЛИ ҲУНАРИ ШАҲРИ ҲИСОР ВА НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Шоми имрӯз, 14 сентябр аҳли ҳунари шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, барои сокинону меҳмонони пойтахти кишвар барномаи муштараки фарҳангиро иборат аз шеъру тарона дар васфи Истиқлолу озодӣ, Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, Ватан ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ, зебогиҳои диёри биҳиштосо-Тоҷикистони азиз пешниҳод намуда, базму тараби идона оростанд. Садои …

ШОМИ ДӮСТӢ ДАР НАВРӮЗГОҲИ ПОЙТАХТ БО ИШТИРОКИ АҲЛИ ҲУНАРИ ШАҲРИ ҲИСОР ВА НОҲИЯИ РӮДАКӢ Read More »

ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ

Шоми имрӯз, 9 сентябр дар Наврӯзгоҳи пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе дар доираи намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Ҳикматуллозода Абдуғаффор ва муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода чорабинии …

ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ Read More »

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР БА ИФТИХОРИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлолияти давлати барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, хурду бузурги мамлакат зери парчами он барои таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар ҷодаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ба дастовардҳои азим ноил мегарданд. Расидан ба истиқлолияти комил, таъсиси давлати соҳибихтиёр дар марҳилаи навини давлатдориамон рӯйдоди нодири таърихӣ буда, …

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР БА ИФТИХОРИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН Read More »

ТАНТАНАИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

7 сентябр дар идомаи тантанаҳои идонаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода, меҳмонон аз вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон – раиси ноҳияи Деҳнав …

ТАНТАНАИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН Read More »