Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

Маориф

Маориф

5 thoughts on “Маориф”

  1. Холзода Ҳидоятулло

    Дар партави дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, дар шаҳри Ҳисор бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҳисор сохтмони як муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 250 кӯдак, дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Мирзо Ризо, Навобод, ва шаҳраки Шарора се муассисаи таҳсилоти умумӣ ҷараён дорад ва сохтмончиён тасмим гирифтаанд, ки муассисаҳои мазкурро давоми соли 2025 ва ибтидои соли нави таҳсили 2025-2026 мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

  2. Вебсайт

    Давоми 11 моҳи соли 2025 бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва ҷалби соҳибкорон ба сохтмони муассисаҳои томактабии хусусӣ, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо маром идома дошта, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи томактабии “Сафия” воқеъ дар деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Ҳисор барои 250 нафар ва Муасисаи томактабии “Нури хат” дар деҳаи Баркати Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода барои 100 нафар сохта шуд.
    Ҳамзамон, корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи томактабии замонавӣ аз ҳисоби Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои 150 нафар, муассисҳои томактабии хусусӣ, воқеъ дар, дар деҳаи Лолагии Ҷамоати деҳоти Навобод барои 150 нафар, корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён дорад.
    Дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр 124 адад Марказҳои инкишофи кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд.

  3. Вебсайт

    Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, рушди соҳаи маориф ва мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ соли 2025 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 6 муассисаи таълимӣ дар маҳаллаҳои нав, 15 бино дар назди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди 8 муассисаи таълимӣ дар умум 404 синфхона барои 20 200 нафар дар ду баст, рафта истодааст.
    Дар соли хониши 2025-2026 ва арафаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи навтаъсиси таҳсилоти миёнаи умумии №144 воқеъ дар мавзеи Уртабузи Ҷамоати шаҳраки Шарора барои 900 нафар дар ду баст, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78 барои 400 нафар дар ду баст воқеъ дар деҳаи Кӯҳони Ҷамоати деҳоти Хонақои Кӯҳӣ ва бинои нави Муассисаи таълимии хусусии “Нури Ирфон” барои 1000 нафар воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, 8 синфхона дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ва 4 синфхона дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 мавриди истифода қарор дода шуд.

  4. Вебсайт

    Давоми 11 моҳи соли 2025, барои вусъати корҳои сохтмонӣ дар синфхонаҳои иловагӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор зиёда аз 700 ҳазор дона хишти бинокорӣ, зиёда аз 750 дона шифр, 158 дона тахтаҳои бетонии (плита) гуногунҳаҷм ва дигар масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шудааст.
    Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор зиёда аз 1053 ҷуфт мизу курсии хонанда, 159 ҷуфт мизу курсии омӯзгор, 63 адад тахтаи синф ва 159 адад ҷевон ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардидааст.
    Бо мақсади омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониши 2025-2026, аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 5 миллиону 357 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки аз ин 3 миллиону 162 ҳазор сомонӣ барои таъмир ва 2 миллиону 293 ҳазор сомонӣ барои муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ равона гардидааст.

  5. Вебсайт

    Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва соҳибкорони маҳалӣ бунгоҳи саломатии деҳаи Ҳофизкадаи Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ва бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ бинои бунгоҳи тиббии деҳаи Ҳосилоти Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифта, Маркази саломатии деҳотии Шарора аз таъмири куллӣ бароварда шуд.
    Айни замон корҳои сохтмонӣ дар нуқтаҳои тиббии деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, Кӯҳони Ҷамоати деҳоти Навобод, Шопури Ҷамоати деҳоти Навобод, Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Сомон, Дарозии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, ва Латахораки Ҷамоати деҳоти Хонақои Кӯҳӣ, рафта истодааст.
    Бо дастгирии Лоиҳаи Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 адад бинои марказҳои саломатии деҳотӣ ва бо дастгирии соҳибкорон бинои 2 адад маркази саломатии деҳотӣ таъмир гардид.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *