Вебсайт 06.01.2026 at 11:05 Вобаста ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардондани варзиш ва бо ин васила дурусту мақсаднок истифода бурдани иншоотҳои варзишӣ давоми 11 моҳи соли равон дар шаҳр 891 чорабиниҳои гуногуни варзишӣ бо иштироки 72 ҳазору 30 нафар сокинон, бахусус, наврасону ҷавонон баргузор гардидааст, ки аз ин 23 ҳазору 663 нафарашон бонувон мебошанд. Варзишгарони шаҳри Ҳисор дар 14 мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди гуштини миллӣ, бокс ва таеквандо ВТ 68 нафар иштирок намуда, ба гирифтани 12 медали тилло, 5 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. Инчунин, дар 32 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз намуди гуштини миллӣ, гуштини ҷудо, футбол, таеквандо ВТ, шухпаймоӣ, тенниси рӯи миз, бадминтон дар ҳайати 394 нафар варзишгар ба гирифтани 28 медали тилло, 38 медали нуқра ва 95 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. Дар 14 Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди гуштини миллӣ, таеквандо ВТ, варзиши сабук, вазнбардорӣ, шашкаю шоҳмот ва бокс бо иштироки 153 нафар варзишгарон, ки аз ин 41 нафар бонувон мебошанд, ба гирифтани 20 медали тилло, 30 медали нуқра ва 23 медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Вебсайт 06.01.2026 at 11:06 Дар шаҳри Ҳисор баҳри амалишавии Барномаи давлатии Рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Клуби Футболи “Шодмон” дар соли 2025 аз буҷети маҳаллӣ 560 ҳазору 771 сомонӣ, аз ҳисоби эҳсонкорон 792 ҳазор сомонӣ муайян карда шуда, ҷамъ 1 миллиону 352 ҳазору 771 сомонӣ маблағ пешниҳод шудааст.
Вобаста ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардондани варзиш ва бо ин васила дурусту мақсаднок истифода бурдани иншоотҳои варзишӣ давоми 11 моҳи соли равон дар шаҳр 891 чорабиниҳои гуногуни варзишӣ бо иштироки 72 ҳазору 30 нафар сокинон, бахусус, наврасону ҷавонон баргузор гардидааст, ки аз ин 23 ҳазору 663 нафарашон бонувон мебошанд.
Варзишгарони шаҳри Ҳисор дар 14 мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди гуштини миллӣ, бокс ва таеквандо ВТ 68 нафар иштирок намуда, ба гирифтани 12 медали тилло, 5 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Инчунин, дар 32 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз намуди гуштини миллӣ, гуштини ҷудо, футбол, таеквандо ВТ, шухпаймоӣ, тенниси рӯи миз, бадминтон дар ҳайати 394 нафар варзишгар ба гирифтани 28 медали тилло, 38 медали нуқра ва 95 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Дар 14 Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди гуштини миллӣ, таеквандо ВТ, варзиши сабук, вазнбардорӣ, шашкаю шоҳмот ва бокс бо иштироки 153 нафар варзишгарон, ки аз ин 41 нафар бонувон мебошанд, ба гирифтани 20 медали тилло, 30 медали нуқра ва 23 медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Дар шаҳри Ҳисор баҳри амалишавии Барномаи давлатии Рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Клуби Футболи “Шодмон” дар соли 2025 аз буҷети маҳаллӣ 560 ҳазору 771 сомонӣ, аз ҳисоби эҳсонкорон 792 ҳазор сомонӣ муайян карда шуда, ҷамъ 1 миллиону 352 ҳазору 771 сомонӣ маблағ пешниҳод шудааст.