Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ОМӮЗГОРОНУ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ҲИСОР

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳисор,№7 Сурайё Дӯстмуродзода, ки бо мақсади мулоқот бо интихобкунандагон дар шаҳри Ҳисор қарор дорад, дар муассисаҳои таҳсилотии рақамҳои 13 ва 51-и ҳудуди Ҷамоати деҳоти Дурбат бо устодону шогирдон, хоса хонандагоне, ки бори аввал ба дабистон қадам мегузоранд, вохӯрӣ намуд.
Сурайё Дӯстмуродзода омӯзгорону хонандагонро ба муносибати Рӯзи дониш табрику таҳният гуфта, бахшида ба ин рӯз суҳбат орост ва аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ёдовар шуда, қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро, ки ҳукумати мамлакат лоиҳаи онро ба порлумони кишвар пешниҳод намудааст, шарҳу тавзеҳ дод
Ҳамчунин, аз синфхонаҳои хонандагони синфҳои якуму дуюм дидан карда, бо мақсади ҳавасманд намудани онҳо ба таҳсил, ашёи хониш туҳфа намуд.
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Сурайё Дӯстмуродзода бо сокинони шаҳри Ҳисор то 10 сентябр идома меёбад.