Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН

5 ноябри соли 2025 дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистон чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид ва раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинону меҳмонони шаҳрро табрику таҳният гуфт.
Носирзода Ҷаббор зимни суханронӣ иброз дошт, ки қабули Конститутсия дар таърихи навини халқи тоҷик аз рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсози миллат маҳсуб ёфта, дар он тамоми самтҳои ҳуқуқии дохилию хориҷии давлат мухтасаран дарҷ гардидааст ва сохти давлатдорӣ, низоми ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, муайян кардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик арзёбӣ карда таъкид доштанд, ки бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард.
Зикр гардид, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шудааст. Дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо боз бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд ва маҳз чунин низомро Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст.
Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, «Танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи ҳамин санади ҳуқуқӣ ба тавсиб расидааст, ки назираш дар қонунгузориҳои дигар кишварҳои олам кам ба назар мерасад.
Дар идомаи чорабинӣ, дар фазои тантанавӣ як қатор кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ барои иҷрои рисолати касбӣ ва ба муносибати солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинии ҷашнӣ, ҳунармандони Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ба номи Акашариф Ҷӯраев барномаи ҷолиби консертиро пешкаш карда, ба чорабинӣ ҳусни идона эҳдо намуданд.