Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Субҳи имрӯз, 14 январ бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар кӯчаи ба номи Султон Раҷабов дар доираи татбиқ намудани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар атрофи чойхонаи миллии “Харбуза” маъракаи калони ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ ҳашарчиён аз муассисаву ташкилот, идораҳои ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал, 12 ҷамоатҳои шаҳраку ва хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр иштирок карда, зиёда аз 1500 бех ниҳолҳои павлония ва ороишиву ҳамешасабз шинониданд.