4 марти соли 2026 дар назди варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Баҳром Раҷаб раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва директори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” Акрамзода Юсуф маъракаи муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба “Хати тайёр” баргузор гардид.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбарият ва кормандони Раёсати кишоварзии шаҳр, раисониҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисону механизаторони хоҷагиҳои ҷамъиятии кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди шаҳр иштирок доштанд.
Пас аз азназаргузаронии техникаҳои кишоварзӣ дар мавзеи чорабинӣ ҳамоиши кишоварзон доир гардид ва раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, муовини якуми Вазири кишоварзӣ Аҳмадзода Баҳром ва директори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” Акрамзода Юсуф суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки кишту кори зироатҳои кишоварзӣ аз омодагии техника вобастагии амиқ дорад ва тибқи маълумотҳои Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор, айни ҳол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр 630 адад техникаҳои гуногунтамға мавҷуд буда, аз ҷумла 61 адад тракторҳои тасмачархи шудгоркунанда 62 адад тракторҳои нармкунанда ва 507 адад нақлиётӣ дар хати тайёри хоҷагиҳои кишоварзӣ гузошта шудааст.
Таъкид гардид, ки техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ ба мавсими кишту кори баҳорӣ 92 фоиз омода шуданд ва ин нишондод дар байни шаҳру ноҳияҳои кишвар беҳтарин ва баландтарин сатҳ маҳсуб меёбад. Тазаккур дода шуд, ки барои беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои кишоварзӣ ба техникаҳо бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Агротехсервис” ҳамкории зич роҳандозӣ карда мешавад.
Натиҷаи заҳмати деҳқонон ва механизаторон буд, ки нишондиҳандаҳои ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳр соли 2025 нисбат ба соли 2024 ба маблағи 89 млн. зиёд гардида ба 1 млрд. 588 млн. сомонӣ баробар гардид ва суръати рушд 105,9 фоизро ташкил дод.
Тибқи дурнамо, имсол дар шаҳр дар майдони 6302 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ пешбинӣ шудааст, ки аз он 900 гектарро кишти пахта ва 350 гектаро картошка 1321 гектарро ғаладонагиҳо ва боқимондаро кишти сабзавот, зироатҳои хӯроки чорво ва ғайра ташкил медиҳанд.
Дар интиҳои чорабинӣ як қатор механизаторон ва корхонаҳое, ки дар рушди соҳа дар шаҳр саҳми назаррас доранд бо “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

