5 марти соли равон раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Ҳисор, дар деҳаи Ҳаёти Нав бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли мебели ҶДММ “Тоҷинисо” шинос гардид. Аснои шиносоӣ ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки сохтмони бинои корхона соли 2025 оғоз гардида, фаъолияти он ба истеҳсоли мебели идорӣ ва мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти мактабӣ нигаронида шудааст. Корхона бо таҷҳизоти замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолият ба пуррагӣ мавриди истифода қарор мегирад ва имконияти ба кор ҷалб гардидани то 16 нафар мутахассисон фароҳам оварда мешавад.
Идомаи сафари кории раиси шаҳр дар корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Барх” сурат гирифт. Ба раиси шаҳр сехҳои корхонаро, ки асосан ба истеҳсоли маҳснуоти пенопласт ва дар навбати дуюм ба истеҳсоли маҳсулоти хушки сохтмонӣ нигаронида шудаанд, шинос намуданд.
Тавре роҳбари корхона Рустам Бобоев иброз дошт, айни ҳол дар он 22 нафар ба кор фаро гирифта шуданд ва дар мавриди ба пуррагӣ фаъолият кардани корхона зиёда аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Раиси шаҳр, ҳамчунин, дар ҶСК “Авитсенна” бо ҷараёни сохтмони Маҷмааи солимгардонӣ, меҳмонхона ва ҳавзи шиноварии занонаву мардона, дар деҳаи Ҳуснобод бо фаъолияти фабрикаи парандапарварии “Файзрези Олимиён” ва рафти сохтмон дар бинои иловагӣ дар назди МТМУ №87 ошно гардид.
Дар интиҳои сафари корӣ раиси шаҳр ба Мамнуъгоҳи фарҳангию таърихии Ҳисор ташриф овард ва дар “Қасри Ҳоким”, ки аз ҷониби Дирексияи сохтмони ишоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд меёбад, дидан намуд. Бо масъулини сохтмон дидор карда, оид ба рафти корҳои пардозгарӣ, ороиши бино суҳбат намуд ва бо корҳои пардозгарӣ, ки бо ҷалби 20 нафар сайқалдеҳу пардозгар, бинокор ва меъморони соҳибкаст дар дохили бино роҳандозӣ шудааст, шинос гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки ифтитоҳи бинои мазкур дар арафаи ҷашни 35-солагии истиқлолият дар назар дошта шудааст.


