23 марти соли 2025 бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳисор, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

