Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҶАЛАСАИ СИТОД БО ИШТИРОКИ РАИСИ ШАҲР

Шоми 4 июни соли равон, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин оид ба рафти омодагиҳо ба ҷашн, иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ гузориш дода иброз дошт, ки то имрӯз чандин иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифта, корҳои ободонӣ дар маҳалҳо устувор пеш мераванд ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, аксари бандҳои он сари вақт таъмин карда шудаанд.
Раиси шаҳр, вобаста ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ, хоса иншооти боқимонда роҳбарони зергурӯҳҳои кориро пурсиш карда, ба камбудиҳои мавҷуда тапваҷҷӯҳ намуд ва таъкид кард, ки аз тамоми имкониятҳо барои иҷрои нақшаи ҷашнӣ истифода бурда шавад.
Дар ҷамъбасти ҷаласа, раиси шаҳр барои сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмону ободонӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод ва таъкид намуд, ки ҳадафи асосии тамоми ин тадбирҳо баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ мебошад. Афзуд, ки иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо зери назорати қатъии роҳбарияти шаҳр қарор дорад ва ҳар як банди нақшаи ҷашнӣ, бояд дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ иҷро карда шавад.