7 сентябр дар идомаи тантанаҳои идонаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода, меҳмонон аз вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон – раиси ноҳияи Деҳнав Илҳом Аброров ва муовини якуми раиси ноҳияи Узун Беҳзод Ҳасанов, инчунин собиқадорони меҳнат, аҳли илму адаб, ҷавонон ва фаъолони шаҳр маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ доир гардид.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо сухани муқадимавӣ ба маҷлиси тантанавӣ оғоз бахшида, меҳмононро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт, ва барои ҳузурашон дар чорабинии ҷашнии сокинони шаҳри Ҳисор сипосу эҳтиром баён дошт.
Ҳамзамон, зикр намуд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 32-солагии Истиқлолият сокинону соҳибкорони шаҳр тасмим гирифтаанд 78 иншооти таъиноташон гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд ва бо истифода аз фурсати муносиб ба сокинони шаҳр, соҳибкорони саховатпешаю сарбаланд, барои сарҷамъию муттаҳидӣ дар ободонии диёр, сидқан изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Дар идома муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён, вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода ва намояндаи меҳмонон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон, раиси ноҳияи Деҳнав Илҳом Аброров суханронӣ карданд.
Таъсиси давлати соҳибихтиёр, дар марҳилаи навини давлатдориамон рӯйдоди нодири таърихӣ буда, – зикр намуданд нотиқон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро муқаддастарин, азизтарин неъмат, рамзи саодат, асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишони пойдории бақои давлат номидаанд ва таъкид намудаанд, ки: “Маҳз, Истиқлоли давлатӣ ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, бо мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, барои иштироки фаъолона дар рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр як қатор кормандони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, ғолибони озмуни шаҳрии ҷамоат, маҳалла, деҳа ва оилаи беҳтарин, варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шарафи варзишии Тоҷикистонро ҳимоя намудаанд, бо Сипосномаю Ифтихорномаҳои раиси шаҳр ва туҳфаҳои таъсиснамудаи МИҲД-и шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шудаанд.
Муовини Савазир Матлубахон Сатториён, вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода ва раиси шаҳр Қосим Роҳбар дар фазои тантанавӣ ва кафкӯбиҳои бардавоми аҳли толор ба табиб Ниёзалӣ Ҳайдаров барои фаъолияти пурсамар, дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ва ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон медали “Шафқат”-ро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, тақдим намуданд.
Ҳамчунин, Бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳри Ҳисор, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрхои дастгоҳи раиси шаҳр Умедҷон Тошматов ва котиби дафтари матбуоти раиси шаҳр Холзода Ҳидоятуллоро бо Ифтихорномаи МИҲД-и шаҳр, ки бо қарори раиси шаҳр тасдиқ шудааст, сарфароз гардониданд.
Дар идома Сипосномаҳои МИҲД-и шаҳр ба Абдуллоев Салоҳиддин – муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, Қурбонмурод Асоев – сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии “Ҳисори Шодмон”, Аҳмади Фатҳиддин – варзишгар, Изатулло Бобоев – роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, бахши Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, Абдумалик Болтаев – варзишгар, Ҳабибулло Дӯстов – раиси маҳаллаи деҳаи Чаманзори деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода, Изатуллои Ҳабибзод – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, Савриямоҳ Каримова – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр, Завқинисо Каримов – омӯзгори МТМУ №59, Латиф Мингбоев – раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони шаҳри Ҳисор, Раҳмоналӣ Муйдинов – роҳбари ҶДММ “Зебоисоз”, Ҳақназар Назаров – варзишгар, Наргис Назарова – директори филиали ҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Ҳисор, Далер Нарзуллозода – сарзоотехники ҶДММ “Латиф Муродов”, Мағфират Носирзода (Юсуфӣ) – котиби бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, Маҳмадалӣ Норбеков – директори ҶСП “Сино – Тоҷик – Стар”, Хусрав Раҳматов – сармутахассиси шаъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр, Раҳимӣ Миҷгона – директори литсейи касбӣ – техникии №1, Мақсуд Солеҳов – директори ҶДММ “Самоҳ”, Яҳёҷон Хидиров – сарошпаз, Акмал Ҳамидов – мудири шуъбаи осорхонаи Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии “Ҳисор”, Сайёд Шарифов – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Ҳидоятулло Шоҳраҳматов – раиси маҳаллаи деҳаи Хоҷасиддиқи деҳоти Дурбат тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, бо қарори ба тасвибрасидаи раиси шаҳри Ҳисор ба варзишгарон Ҳақназар Назаров мукофоти ҳавасмандкунӣ – қитъаи замини наздиҳавлигӣ, Абдумалик Болтаев маблағи пулии 8000 – сомонӣ, Аҳмади Фатҳиддин маблағи 5000 сомонӣ супорида шуд.
Дар чорабинӣ натиҷаҳои ҷамъбасти озмуни беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳаву маҳалла ва оила эълон шуда, шаҳраки Ҳисор ва деҳоти Дурбат бо ишғоли ҷойи аввал, шаҳраки Шарора ва деҳоти Алмосӣ ишғоли ҷойи дуюм ва деҳоти Сомон ҷойи сеюм ғолиб дониста шуданд.
Дар номинатсияи деҳаю маҳаллаи беҳтарин деҳаҳои Бағалаки деҳоти Деҳқонобод ҷойи аввал, Тӯдаи деҳоти Мирзо Ризо ҷойи дуюм, Ситораи деҳоти Навобод ва Чаманзори деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Маҳаллаҳои Белайдузи шаҳраки Ҳисор ҷойи аввал ва Шодмони шаҳраки Шарора ҷойи дуюмро соҳиб гардиданд.
Оилаи сокини деҳаи Рағобаи деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ – Абдуҳалим Самадов бо гирифтани мақоми аввал, оилаи сокини деҳаи Навбунёди деҳоти Ҳисор – Соҳибҷон Абдулҳакимов мақоми дуюм ва оилаи Файзӣ Норов, сокини деҳаи Мурутаки деҳоти Ориён мақоми сеюм дар номинатсияи оилаи беҳтарин ғолиб эътироф гардиданд.
Беҳтаринҳо бо Сипоснома ва маблағҳои пулии таъсиснамудаи МИҲД-и шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.
Барномаи рангини консертии аҳли ҳунари бахши фарҳанги шаҳр таҳти роҳбарии мудири бахши фарҳанг Бахтиёри Иброҳим ба чорабинӣ ҳусни тозаи идона эҳдо намуд.