Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР БА ИФТИХОРИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлолияти давлати барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, хурду бузурги мамлакат зери парчами он барои таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар ҷодаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ба дастовардҳои азим ноил мегарданд.
Расидан ба истиқлолияти комил, таъсиси давлати соҳибихтиёр дар марҳилаи навини давлатдориамон рӯйдоди нодири таърихӣ буда, Пешвои миллат Истиқлоли давлатиро муқаддастарин, азизтарин неъмат, рамзи саодат, асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишони пойдории бақои давлат номидаанд ва таъкид намудаанд, ки: “Маҳз, Истиқлоли давлатӣ ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”
Боиси хушҳолист, ки бо иқдоми созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои яке аз шаҳрҳои бостонии тоҷикон – шаҳри Ҳисор ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони банангу номуси он амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Дар шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо иборат аз 1675 банд таҳия шуда, танҳо дар арафаи таҷлили 32-солагии Истиқлолият 78 иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Таъсис намудани корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ дар соҳаи мактабу маориф, тандурустию варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ дар меҳвари корҳои ободониву созандагӣ қарор дорад ва боиси рушди босуръати шаҳри азизамон – Ҳисори Шодмон шуда, бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кӯчаҳо ба шаҳр ҳусни тоза мебахшад.
Бо такя ба азму иродаи ватандӯстона ва қудрати созандаи сокинони соҳибмаърифату сарбаланди шаҳр бо итминони комил изҳор медорам, ки сокинони Ҳисори бостон ба хотири эҳтирому ҳифзи дастовардҳои истиқлолу озодии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ минбаъд низ дар атрофи роҳбарияти олии кишвар муттаҳид шуда, сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд ва бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро дар шаҳр вусъати бештар бахшида, Ҳисори куҳанро ба шаҳри обод, зебову пешрафта табдил медиҳанд ва собит месозанд, ки дар тӯли таърихи 3000-солаи худ мардуми шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд.
Шуморо ба ифтихори 32 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, бароятон рӯзгори ободу осуда, хушбахтиву иқболи нек, оромиву осоиш ва муваффақияту комёбиҳо таманно менамоям.
Бигзор, истиқлолу озодӣ дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси диёрамон оташи меҳру муҳаббат ва самимияту садоқатро барафрӯхта, сарҷамъиву иттиҳодро дар сарзамине, ки мерос аз ниёгон аст, фурӯзон нигоҳ дорад ва дар баробари кишвари азизамон, шаҳри Ҳисор низ боз ҳам ободу зебо гардад!
Ҷашни фархундаи истиқлолу озодӣ муборак, ҳамшаҳриёни азиз!