Шоми имрӯз, 9 сентябр дар Наврӯзгоҳи пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе дар доираи намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Ҳикматуллозода Абдуғаффор ва муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ доир гардид.
Нахуст, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода суханронӣ карда, иштирокчиёни чорабинӣ, меҳмонону сокинони пойтахтро ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шодбош гуфтанд.
Сипас, аҳли ҳунару санъати бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи рангини консертиро иборат аз шеъру тарона ва оҳангу сурудҳо дар васфи Ватан, соҳибистиқлоливу, соҳибдавлатӣ ва тараннуми зебогиҳои кишвари биҳиштосои диёрамон пешниҳод карда, бо базму тараб шоми хотирмоне оростанд, ки то дер дар қалбҳо маъво хоҳад гирифт.