11 декабри соли равон раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, дар кӯчаҳои Файзулло Абдуллоев ва Мирзо Турсунзода ба сохтмони ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ, ки дар аввалӣ бинои маъмурии Ҷамоати шаҳраки Ҳисор ва Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи кишоварзӣ низ, дар назар дошта шудааст, оғози расмӣ бахшид.
Дар назди бинои бунёдшаванда, воқеъ дар кӯчаи Файзулло Абдуллоев раисони маҳаллаҳои шаҳрак, фаъолони ҷамоат ҷамъ омада, дар маъракаи бетонрезии таҳкурсии бино раиси шаҳрро пайравӣ намуда, ҳиссаҳои аввалини сементро рехта, ба сохтмон оғоз бахшиданд.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи бино, масъулони сохтмон аз ҶДММ “Каён” ба раиси шаҳр иттило доданд, ки бино дар заминҳои зери иншооти бартарафшавандаи Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, дар майдони умумии 2400 метри мураббаъ бунёд шуда, аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар қабати аввал, дар масоҳати 474 метри мураббаъ идораи маъмурии Ҷамоати шаҳраки Ҳисор ва дар масоҳати 35 метри мураббаъ ҳуҷраҳои корӣ барои Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи кишоварзӣ ҷойгир карда мешавад.
Дар идомаи сафари корӣ раиси шаҳр дар кӯчаи Мирзо Турсунзода ба сохтмони бинои баландошёнаи 13 қабатаи истиқоматӣ бо ду ошёна ва таҳхона барои маркази савдою хизматрасонӣ, ки аз ҷониби ҶДММ “Метал Инвест Строй” бунёд меёбад, бо иштироки кормандони ҷамъият ва сохтмончиён ба таҳкурсии бино ҳиссаҳои аввалини сементро рехта, оғози сохтмон намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки маъракаи оғози сохтмони ду бинои баландошёна, бахусус бинои маъмурӣ барои ҷамоат дар арафаи Соли нави мелодӣ ва баргузории шанбегии умумишаҳрӣ, ки 23-декабр дар назар дошта шудааст, иқдоми неку шоиста арзёбӣ гардида, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба сокинони шаҳр туҳфаи арзишманд маҳсуб меёбад.
Раиси шаҳр ба ташаббускорони сохтмон изҳори сипос карда, ба сохтмончиён барори кор таманно намуд ва изҳори итминон кард, ки иншоот бо сатҳу сифати баланд сохтаву дар муҳлати муайяншуда пешниҳоди мардум мегардад. Ҳамчунин, таъкид намуд, дар сохтани бинои маъмурии ҷамоат аз усулҳои меъмориву шаҳрсозии шарқиёна истифода намуда, ба баландии сақфи толорҳои бинои ҷамоат эътибори аввалиндараҷа диҳанд.