Имрӯз бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар мавзеи Латтабанди Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ба 130 нафар ниёзмандоне, ки солҳо инҷониб дар навбати гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ буданд, ба тариқи қурапартоӣ, озоду шаффоф замин тақсим гардид.
Бо дастури раиси шаҳр дар қуррапартоӣ аввал пиронсолон, омӯзгорону табибон, нафароне, ки фарзандашон дар хизматӣ ҳарбӣ қарор доранд ширкат карданд. Баъдан, нафарони боқимондаи дарнавбатбуда, талонҳое, ки рақами заминҳо дар он навишта шудааст, интихоб намуданд ва аз минтақаи мазкур соҳиби замин гардиданд.
Раиси шаҳр шаҳрвандоне, ки соҳиби замин шуданд муборакбод гуфт ва онро туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ маънидод намуд ва афзуд, ки ин иқдом охирин набуда, зина ба зина идома меёбад ва Ҳукумати мамлакат бо сарварии роҳбари адолатпешаи худ, барои бо манзил таъмин гардидани шаҳрвандони кишвар пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.
Аснои гирифтани талони замин, нафароне, ки соҳиби замин шуданд бо хушҳолию шукргузорӣ, бо муҳаббату самимият барои ғамхориҳои пайваста, ба роҳбарияти олии кишвар изҳори сипосу эҳтиром карда, дар фазои кишвар тинҷиву амонӣ ва сулҳу суботи пойдор таманно намуданд.