Бо иқдоми иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва дастгирии соҳибкорон Муассисаи давлатии ободонӣ ва кабудизоркунии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр соҳиби 4 адад мототсикли боркашонии тамғаи “Вахш”, ки истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ мебошад, гардид.
Мототсиклҳо аробаҳои дастие, ки то кунун аз ҷониби кормандони муассиса барои баровардани партовҳои хурд истифода мешуд, иваз карда, кори онҳоро осон менамояд.