24 апрели соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31, деҳаи Ҳофизкадаи Ҷамоати деҳоти Алмосӣ дар ҳузури муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, кормандони дастгоҳи ҷамоат, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ рӯзи қабули сайёри шаҳрвандонро доир намуд.
Сокинони деҳаҳои Ҳофизкада, Сангчашма, Наврӯзӣ, ва Саидиёни ҷамоат вобаста ба масъалаҳои таъминот бо замини наздиҳавлигӣ, замин барои бунёди майдонча ва толори варзишӣ, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда бо сементӣ, таъмири роҳ, мусоидат намудан барои ҳуҷҷатгузорӣ кардани иншоот, аз ҷумла сардхона ва коргоҳи дӯзандагӣ, ташкили воҳидҳои корӣ дар бунгоҳи тиббӣ ва ғайраҳо муроҷиат намуданд.
Сокинон дар баробари муроҷиат ба Носирзода Ҷаббор, оид ба ташаббус ва корҳои ободонӣ, аз қабили таъмиру тармими роҳ, иваз намудани симчӯбу трансфарматор ва ноқилҳои барқӣ, кандани чоҳи амудӣ, ки дар деҳоти Алмосӣ бо ташаббуси аҳолӣ ва ҷавонмардони саховатпеша амалӣ шудааст, иттилло доданд.
Раиси шаҳр аз иқдомҳои созандаи сокинони ҷамоат изҳори қаноатмандӣ карда, арзи сипосу эҳтиром намуд ва вобаста ба таҳлилу баррасии муроҷиати шаҳрвандон масъулони соҳаҳои марбутаро вазифадор карда, инчунин, ирсол намудани ҷавобҳои хатӣ ба муроҷиати шаҳрвандонро таъкид намуд.