Дар доираи баргузории рӯзи қабули сайёри шаҳрвандон, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор пас аз анҷоми қабул,санаи 24 апрел аз як қатор иншооте, ки дар ҳудуди деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Алмосӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд меёбад, боздид намуд.
Нахуст, дар деҳаи Ҳофизкада аз чоҳи амудӣ, ки тавассути он об аз чуқурии 120 метр бароварда шудааст, дидан намуда, бо фаъолият ва иқтидори он шинос шуд. Ба раиси шаҳр иттилло доданд, ки акнун оби чоҳи мазкур тавассути қубурҳои пластикӣ то мактаби деҳа ва аз онҷо ба беш аз 100 хонавода тақсим шуда, аз нисф зиёди деҳаро шодоб менамояд. Раиси шаҳр ба ташаббускорони иқдом – сокинони деҳа арзи сипос баён дошта, иқдоми онҳоро ватандӯстона ва дастгирӣ аз сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат дар самти ободонӣ маънидод намуд .
Раиси шаҳр дар ҳамин деҳа, инчунин ба мавзеи сохтмони бунгоҳи тиббӣ, ки бо саҳми аҳолӣ бунёд меёбад, ташриф овард ва бо ҷараёни корҳои сохтмон шинос гардид. Ба раиси шаҳр вагонхонаи фарсудаеро дар саҳни бунгоҳ раиси кумитаи маҳалла нишон дода афзуд, ки он солҳои зиёд ба сифати бунгоҳи тиббӣ ба аҳолии деҳа хизмат намудааст.
Аснои қабул, сокинони деҳа аз раиси шаҳр хоҳиш намуда буданд, ки барои ба муассисаи таҳсилоти тоибтидоӣ табодул намудани собиқ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31, ки истифода намегардад, мусоидат намоянд. Носирзода Ҷаббор аз муассиса дидан карда, пешниҳоди сокинони деҳаро маъқул шуморид ва барои таҳқиқ ва бозомӯзии масъала масъулини соҳаи маорифи шаҳрро муваззаф намуд.
Сокинони деҳаи Сангчашма, бахусус ҷавонон тасмим гирифтаанд роҳи даромад ба деҳаро таъмир намоянд, – иброз дошта буд дар қабули шаҳрвандон раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Сангчашма. Бинобар, Носирзода Ҷаббор ба минтақаи таъмири роҳ омад ва бо ҳачарчиён дидор намуда, барои саҳми муносиб гузоштанашон дар ободонии диёр сипосгузорӣ намуд. Ҳамчунин, чун рамзи эҳтиром ва ҳамовозӣ ба иқдоми онҳо, бел ба даст гирифта чанд ҳисса қири гармро ба нуқтаҳои таъмиршавандаи роҳ пош дод.
Идомаи сафари раиси шаҳр дар деҳаи Лойоб ҷараён гирифт. Пиру барнои деҳа, падарону модарони рӯзгордида ба истиқболи раиси шаҳр баромада, аз мушкилоти роҳ, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, инчунин масъалаҳои доғи рӯз, таълиму тарбияи фарзандон дар роҳи азхудкунии донишу касбҳои замон, худшиносии миллӣ самимӣ суҳбат намуданд.
Дар деҳаи Суғдиёни деҳоти Алмосӣ, Носирзода Ҷаббор бо корҳо дар чор синфхонаи иловагие, ки дар назди МТМУ №18 бо иқдоми аҳолӣ бунёд ёфтааст ва Маркази саломатии деҳотӣ, ки дар доираи Барномаҳои давлатӣ бо саҳми сармоягузорони хориҷӣ сохта шудааст, шинос гардид.
Вориди синфхонаи хатмкунандаҳои синфи ёздаҳи МТМУ №18 шуд ва бо устодону шогирдон суҳбат кард, инчунин рӯзномаи хонандагон ва журнали синфро аз назар гузаронида, аз набудани имзои волидайн ва роҳбари синф, сабт нагардидани баҳоҳои гирифтаи хонанда дар рӯзнома давоми моҳ, ки бозгӯи риоя нагардидани яке аз нишонаҳои равобити бевоситаи мактаб бо волидайн мебошад, изҳори нигаронӣ намуд.
Ҳангоми бозгашт, раиси шаҳр дар роҳи деҳаи Гули Сурх бо деҳқоне, ки якҷо бо фарзандон ниҳол мешинонд суҳбат намуд ва ӯро бо лутфу эҳтром ҳамкасби хеш хонда, барои бехато ва дуруст шинонидани ниҳолҳо маслиҳату тавсияҳои судманд дод.